Шоири халқии Ӯзбекистон Шукрулло Юсуфов аз дунё гузашт

Шоири халқии Ӯзбекистон Шукрулло Юсуфов аз дунё гузашт


Имрӯз шоир Шукрулло Юсуфов дар синни 99 -солагӣ аз дунё чашм пӯшид. Ӯ 2 -юми сентябри соли 1921 дар мавзеи Шайҳонтоҳури шаҳри Тошканд ба дунё омадааст. Хатмкардаи донишкадаи педагогии шаҳри Тошканд ба номи Низомӣ мебошад.
Нахуст, дастҷамъи шеърии ӯ бо номи «Дафтари аввалин» (Биринчи дафтар» баромадааст. Афсонаҳо, шеърҳои бачагона ва асарҳои шеърӣ навиштааст. Дар бораи рӯзҳои даҳшатноки давраи Қатағон қиссаи тарҷумаҳолии «Зери хокшудагони бекафан» (Кафансиз кӯмилганлар», роман -хроникаи машҳури «Руҳи зинда», соли 1999 (Тирик руҳлар) навиштааст.
Ба Шукрулло Юсуфов унвони шоири халқии Ӯзбекистон, ходими хизматнишондодаи маданият, инчунин бо мукофотҳои лауреати мукофоти давлатии Ӯзбекистон ба номи А. Навоӣ, орденҳои «Дӯстлик», «Эл -юрт ҳурмати» ва «Турк дунёсида йилнинг адабиёт кишиси 2016» тақдим карда шудааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ