Ба Садорати андози давлатии вилояти Самарқанд роҳбари нав таъин гардид

Ба Садорати андози давлатии вилояти Самарқанд роҳбари нав таъин гардид

Иноғомов Аловиддин Ҳусниддинович ба вазифаи сарвари Садорати андози давлатии вилояти Самарқанд таъин гардид.
Ӯ то ҳол дар ӯҳдадории ҷонишини якуми сарвари Садорати андози давлатии вилояти Тошканд иҷрои вазифа менамуд.
А.Иноғомов соли 1980 дар шаҳри Тошканд таваллуд шудааст. Соли 202 коллеҷи андози Тошкандро, соли 2009 Донишкадаи молияи Тошкандро хатм намудааст.
Фаъолияти меҳнатиро соли 2002 дар Нозироти андози давлатии ноҳияи Юнусободи шаҳри Тошканд ба ҳайси ҳисобчии шӯъбаи ҳисоб ва таъминоти бӯғалтерӣ оғоз кардааст.
Дар солҳои 2002-2019 дар як қатор нозироти андози давлатии ноҳияҳо ва Садорати андози давлатии шаҳри Тошканд дар вазифаҳои гуногун кор бурдааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ