Эркинҷон Турдимов ба саволҳои шабакаҳои иҷтимоӣ ҷавоб дод


Дар видеоселектори охирин сарвари давлатамон таъкид кард, ки ҳокимон бояд аҳолиро дар бораи вазъияти эпидемиологии ҷойҳо хабардор намоянд ва ба саволҳое, ки тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ дода мешавад ҷавоб гардонида, муаммоҳои мавҷударо ҳал намоянд.
Дар асоси ин талабот, ҳокими вилояти Самарқанд Э. Турдимов брифинг гузаронид.

  • Имрӯзҳо гувоҳи нофаҳмиву саволҳои шабакаҳои иҷтимоӣ шуда истодаем, аммо то ҳол муттасаддиёни корхонаву ташкилотҳои мо ба ин саволҳо посух ё муносибати худро баён намекунанд, — гуфт Э.Турдимов. — Роҳбарон дар ВАО баромад мекунанд, аммо он ба талаботи имрӯза ҷавоб намедиҳад. Барои қонеъ кардани ниёзҳои нисбати ахбор доштаи мардуми мо кифоя нест. Бинобар ин, мо лозим донистем, ки имрӯз брифинг гузаронем ва ба саволҳои гузошташуда посух диҳем.
    Ҳокими вилоят аввал эътибори ҳамаро ба паёми видеоии модари самарқандӣ, ки оиди вазъияти саломатии фарзандаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва сайтҳои интернетӣ фиристодааст, нигаронид.
  • Дирӯз мо дар бораи фикрҳои ин модар ва саломатии писараш А. Мусинов тавассути ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ хабар додем, — гуфт Э. Турдимов. — Ман ин муроҷиатро 13-уми июл тавассути телеграмма гирифтам. Худи ҳамон рӯз табибон рафта, ҳолати беморро муоина карданд ва ӯро бо мошини ёрии таъҷилӣ ба шӯъбаи реаниматсияи шифохонаи вилоятӣ оварданд.Табобатҳои зарурӣ гузаронида шуданд ва ҳоло бемор дар ҳолати хуб қарор дорад. Дирӯз ман бо Аслам Мусинов бо телефон гуфтугӯ кардам ва пурсидам, ки чӣ ҳодиса рӯй додааст. Вай гуфт, ки баъди намоён шудани нишонаҳои беморӣ, яъне табларза ва дарди гулӯро ҳис кардан, кӯшиш намудааст, ки дар хона табобат гирад. Аммо вазъият беҳтар нашудааст. Ман ба Аслам гуфтам, ки ӯ бояд аз модараш, ки барои саломатиаш ғамхорӣ мекунад, миннатдор бошад. Аз фурсат истифода бурда, аз ҳамаи сокинони Самарқанд хоҳиш мекунам, ки ҳангоми аломатҳои коронавирус дучор шудан, фавран ба кормандони тибб муроҷиат намоянд.
    Дирӯз мо фаъолияти хизамати ёрии таъҷилии тиббиро аз назар гузаронидем, call-марказро дар Донишкадаи давлатии тиббии Самарқанд эҳё кардем. Ҳангоме ки мардум ба ёрии таъҷилӣ ё поликлиника муроҷиат мекунанд, ба дархостҳои онҳо посух медиҳанд ё маслиҳат медиҳанд, дар ин ҷода, ҳеҷ мушкилие намешавад.Инчунин, аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ 65 намуди дору ба маблағи 3,2 миллиард сӯм барои табобати беморон харида шуд ва то имрӯз мо як захираи думоҳа ташкил кардем. Мо барои таъсиси як захираи дигар дар рӯзҳои наздик чораҳои зарурӣ меандешем. Ман мехоҳам бигӯям, ки мо имконият дорем, токи беморони коронавирусро бо доруворӣ ва лавозимоти тиббӣ таъмин намоем.Ба беморе, ки сирояти коронавирус ташхис шудааст, хоҳ дар хона ва хоҳ дар беморхона, доруворӣ бепул дода мешавад. Агар дар ин масъала мушкилие пайдо шавад, шаҳрвандон метавонанд ба ман тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ муроҷиат намоянд.
    Зимни брифинг Э. Турдимов инчунин ба саволҳои оиди таҳлили тестӣ барои коронавирус дар вилоят, тартиби таҳлил дар муассисаҳои тиббии хусусӣ, ёрии таъҷилӣ ва клиникӣ, фаъолияти марказҳои тиббии деҳот, нарасидани дорухонаҳо ва нархҳо низ посух дод.
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ