Дар «Ӯзэкспомарказ» барои беморони коронавирус катҳо омода карда мешавад

Дар павилонҳои «Ӯзэкспомарказ» катҳо барои ҷойгиркунии беморони гирифтори коронавирус омода карда мешаванд.
Дар павилонҳои Ӯзэкспомаркази ноҳияи Юнусободи Тошканд катҳо барои ҷойгиркунии беморони сирояти коронавирус омода карда мешаванд.

Аз аксҳои дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳншуда маълум аст, ки павилонҳоро бо пардаҳо ҷудо намуда, ҷой тайёр намудаанд.
Ғайр аз ин, хобгоҳҳои Донишгоҳи забонҳои ҷаҳонӣ низ барои беморони коронавирус муҷаҳҳаз карда мешаванд. Дар ин биноҳо омода кардани 1500 ҷой пешбинӣ шудааст.
● Мувофиқи маълумоти расмии Вазорати тандурустӣ, айни замон шумораи беморони ташхисшуда ва табобатгиранда дар Ӯзбекистон дар Тошканд 5 051 ва дар вилояти Тошканд 851 нафарро ташкил медиҳад. Баробари ин, дар шабакаҳои иҷтимоӣ оиди шумораи воқеӣ аз ин якчанд маротиба зиёд буданаш ва дар беморхонаҳо барои беморони нав нарасидани ҷойҳо хабарҳо паҳн мегардад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ