“СамАвто” ба шаҳри Тошканд 27-то автомобили ёрии таъҷилии “ISUZU D-Max” фиристонд


Нахустин автомобилҳои ёрии таъҷилии «ISUZU D-Max», ки ширкати “СамАвто” тавлид мекунад, ба шаҳри Тошканд фиристода шуд.
Истеҳсоли автомобилҳои ёрии таъҷилии “ISUZU D-Max” моҳи майи соли ҷорӣ оғоз шуда буд. “СамАвто” аз моҳи октябри соли гузашта ба истеҳсоли навъҳои дигари автомобили ёрии таъҷилӣ шурӯъ карда буд, аммо дар даври пандемия ниёз ба модели “D-Max” зиёд шуд ва истеҳсоли он оғоз гардид.
Мутахассисони “СамАвто” гуфтанд, ки баъди таъмини комили бозори дохилӣ бо ин автомобилҳои ёрии таъҷилӣ содироти онҳо ба хориҷа роҳандозӣ хоҳад шуд.
Манбаъ: kun.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ