Шоҳи Арабистони Саъудӣ бемор шуд


Салмон Абдулазиз ал Саъуд, шоҳи Арабистони Саъудӣ ҳоло дар бемористони Ар-Риёз, пойтахти кишвар бистарӣ шудааст. Дар ин бора хабаргузории давлатии подшоҳӣ – SPA хабар медиҳад.
Бино ба додаҳо, шоҳи 84-соларо баъди шикоят аз илтиҳоби кисаи сафро ба бемористон бурданд. Ҷузъиёти ҳодисаи бемор шудани ӯ ҳанӯз мунташир нашудааст.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 18 июл Сабоҳ ал Аҳмад ал Ҷобир ас Сабоҳ, амири Қувайт низ дар бемористон бистарӣ шуда буд. Ҳанӯз мубталои кадом беморӣ будани ӯ маълум нест. Валиаҳди Қувайт муваққатан вазифаи амирро иҷро мекунад.
Манбаъ: Регнум

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ