Ҳукумати Озарбойҷой муҳлати карантинро то тирамоҳ дароз кард


Дар Озарбойҷон муҳлати карантин то 31 август тамдид шуд. Дар ин бора сидоти (штаб) мубориза бо коронавируси вобаста ба ҳукумати кишвар хабар додааст.
Дар зимн, карантини комил дар шаҳри Боку ва 12 ноҳияи Озарбойҷон то 5 август идома хоҳад ёфт.
Аз 20 июл дар шаҳри Ленкоран ва ноҳияи Самух, ки суръати паҳншавии коронавирус пасттар аст, режими карантин ҷорӣ лағв (бекор) мешавад.
Ҳамчунин, аз ин рӯз дар шаҳрҳу ноҳияҳое, ки режими қатъии карантин ҷорӣ аст, ба фаъолияти сартарошхона ва толорҳои зебоӣ иҷозат дода мешавад.
Бино ба додаҳои расмӣ, то ҳол дар Озарбойҷон 27 521 нафар мубталои коронавирус шудаанд. 354 нафар аз онҳо бар асари беморӣ даргузашт ва 18 967 нафар шифо ёфтаанд.
Манбаъ: qalampir.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ