Дар Қазоқистон 138 тан шифокор ба далели фурӯши ноқонунии дору боздошт шуданд


Пулиси Қазоқистон аз оғози моҳи июл 138 нафар корманди бахши тандурустиро ба ҷурми фурӯши ноқонунии доруҳо боздошт кард. Дар ин бора маркази матбуотии раисҷумҳури Қазоқистон имрӯз ба нақл аз Ерлан Тургумбаев, вазири корҳои дохилии ин кишвар хабар дод.
Тургумбаев дар мулоқот бо раисҷумҳур Қосим Ҷомарт Тӯқаев гуфт, ки аз 5 июл то ба имрӯз аз фурӯши ноқонунии 65 ҳазор бастаи доруҳо, 500 ҳазор ниқоби тиббӣ ва 36 ҳазор лавозимоти тиббӣ пешгирӣ карда шудааст.
Вазири корҳои дохилии Қазоқистон гуфт, ки дар пайи амалиётҳои махсус аз 348 мавриди фурӯши ноқонунии доруҳо пешгирӣ шуд ва 248 нафар, аз ҷумла, 138 нафар корманди бахши тандурустӣ боздошт шуданд.
Ёдовар мешавем, ки то ба имрӯз дар Қазоқистон 71 838 мавриди гирифторӣ ба коронавирус сабт шуд, 43 ҳазору 401 нафар шифо ёфтанд, 375 нафар бар асари беморӣ фавтиданд.
Манбаъ: Регнум

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ