Шумори умумии бекорон дар Русия ба 4,6 млн. нафар расид

Шумори умумии бекорон дар Русия ба 4,6 млн. нафар расид

Шумори умумии бекорон дар Русия моҳи июни соли равон 4,6 млн нафарро ташкил дод. Тавре нашрияи Медуза менависад, дар ин бора дар ҳисобҳои пешакии Идораи омори ин кишвар маълумот дода шудааст.
Тибқи маълумоти мазкур, сатҳи бекорӣ ба 6,2% баробар аст. Тавре “Интерфакс” хабар медиҳад, ин нишондиҳандаи баландтарин аз моҳи моҳи марти соли 2012 (он вақт ба 6,5% баробар буд) мебошад. Моҳи майи соли 2020 ин рақам 6,1%-ро ташкил дода буд.
Дар муассисаҳои давлатии хадамоти шуғли аҳолӣ ҳудуди 2,8 млн нафар ба сифати бекорон сабт шуда, аз ҷумла 2,6 млн нафар кумакпулии барои бекорӣ таъиншударо гирифтаанд. Ин нишондиҳанда нисбат ба моҳи май 30% ва қариб 4 баробар зиёдтар аз моҳи март — то оғози пандемияи коргнавирус аст.
Тавре Идораи омори Русия ишора мекунад, даромади воқеии аҳолӣ дар семоҳаи дуюм ба андозаи 8% кам шудааст.
Хабаргузории РБК дар ин робита қайд мекунад, ки ин нишондиҳанда камшавии зиёдтарин аз соли 2005 мебошад.
www.asiaplustj.info/tj

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ