Тайи 24 соат дар Ҳиндустон беш аз 40 ҳазор мавриди гирифторӣ ба коронавирус сабт шуд


Дар шабонарӯзи гузашта дар Ҳиндустон 40 ҳазору 425 мавриди гирифторӣ ба коронавирус сабт шуд. Дар ин бора шабакаи телевизионии NDTV имрӯз ба нақл аз вазорати тандурустии Ҳиндустон хабар дод.
Бар аоси додаҳои вазорат, шумори кулли гирифторони COVID-19 дар ин кишвар ба 1 миллиону 118 ҳазору 043 нафар расид.
Ҳамчунин, дар 24 соати гузашта дар диёри Ҳинд 681 нафар қурбони коронавирус шуданд ва шумори кулли фавтидагон ба 27 ҳазору 497 тан расид.
Илова бар ин, 700 ҳазору 87 нафар бемор шифо ёфтаанд, ки беш аз 22 ҳазор нафари онҳо рӯзи гузашта даври муолиҷаҳоро паси сар карданд.
Манбаъ: Регнум

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ