Дар Ӯзбекистон мусобиқаи онлайни шоҳмот оғоз мешавад. Ҷоиза асосӣ – “Спарк”

Дар Ӯзбекистон мусобиқаи онлайни шоҳмот оғоз мешавад. Ҷоиза асосӣ – “Спарк”


Имрӯз, 20 июл дар кишвар зери шиори “Дар хона бимон ва ғолиб шав” мусобиқаи онлайни шоҳмот оғоз мешавад.
Вазорати тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Ӯзбекистон созмондиҳандаи мусобиқа аст.
Хоҳишмандон барои иштирок дар мусобиқа бояд дар сайти www.chess.com узви клуби “Ўзбекистон Республикаси Жисмоний тарбия ва спорт вазирлиги” шавад.
Нафароне, ки дар даври муқаддимотӣ ғолиб мешаванд, рӯзи 20 декабри соли ҷорӣ дар даври асосии мусобиқа – Grand Final иштирок хоҳанд кард.
Ҷоизаи асосӣ – автомобили “Спарк” аст, ки сарпарастони мусобиқа тақдим кардаанд.
Бозиҳо ҳамарӯза дар соати 20.00 оғоз мешавад.
То 20 декабр ҳамагӣ 50 мусобиқаи муқаддимотӣ баргузор мегардад ва аз ҳар мусобиқа 10 нафар беҳтарин шоҳмотбоз интихоб мешаванд. Дар мусобиқаи ҳалкунандаи Grand Final 500 нафар шоҳмотбоз иштирок хоҳанд кард.
Онҳое, ки барои иштирок дар Grand Final интихоб мешаванд, дар дигар мусобиқаҳо наметавонанд ҳузур дошта бошанд. Дар мусобиқа танҳо шаҳрвандони Ӯзбекистон иштирок мекунанд.
Маркази матбуотии Вазорати тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ