Дар Фаронса барои бениқобон ҷарима ҷорӣ шуд

Дар Фаронса барои бениқобон ҷарима ҷорӣ шуд


Аз имрӯз, 20 июл дар дохили биноҳои ҷамоатӣ бе ниқоб будан дар Фаронса боиси ҷарима пардохтан мешавад. Дар ин бора BFM TV хабар додааст.
Касе, ки дар дохили биноҳо бениқоб мегарданд, 135 евро ҷарима хоҳанд супурд. Таъмини риояти ин қонун назорат мешавад.
Чанде пеш Оливе Веран, вазири тандурустии Фаронса гуфта буд, ки ин қоида дар мағозаҳо, биноҳои ҷамоатӣ, бозорҳои сарпӯшида, бонкҳо ва марказҳои варзишии сарпӯшида ҷорӣ мегардад. Дар кинотеатру театрҳо, ресторану кафеҳо ин қоида танҳо ҳангоми ташрифи муштариён дар амал хоҳад буд.
Манбаъ: Регнум

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ