Хитой ба Ӯзбекистон ҳамкориро аз рӯйи санҷиши ваксина зидди коронавирусро таклиф намуд

Хитой ба Ӯзбекистон ҳамкориро аз рӯйи санҷиши ваксина зидди коронавирусро таклиф намуд

Дар байни сафири дар Хитой будаи Ӯзбекистон Бахтиёр Саидов ва раиси Садорати «Sinophatm Group» Лю Сзинчжен вохӯрӣ ба амал омад. Дар он дар ин бора маълум карда шуд. Дар рафти вохӯрӣ истиқболҳои ҳамкорӣ дар шароити пандемия дар соҳаи фармасевтика аз нав коркарди ашёи хоми дорувории растаниҳо, дар ҳудуди Ӯзбекистон ба ҳаёт татбиқ намудани лоиҳаҳо аз рӯйи истеҳсоли воситаҳои доругӣ муҳокима гардид. Бино ба гуфтаҳои Лю Сзинчжен то ҳол ду зинаи санҷишҳои клиникии ваксинаи аз коронавирус ҳимоякунанда бомуваффақият гузаштааст. Ин ваксинаи аз ҷониби гурӯҳи «Sinopharm Grop» истеҳсолшуда (инактивкунонидашуда ва рекомбинант) мебошад. Муддати таъсирнамоии ваксина 2 сол ва аз он зиёдтарро ташкил менамояд. То имрӯз дар Хитой беш аз 50000 нафар ваксинаро қабул карданд. Лю Сзинчжен дар Ӯзбекистон, дар байни одамон ҳам гузарондани санҷишро таклиф намуд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ