Гардиши молии Ӯзбекистон бо кишварҳои хориҷӣ 18 дарсад коҳиш ёфт


Дар нимаи аввали соли ҷорӣ Ӯзбекистон бо кишварҳои хориҷӣ ба арзиши 15,8 миллиард доллар гардиши молиро анҷом дод, ки ин дар муқоиса бо нимсолаи аввали 2019 18,2 дарсад коҳишро нишон медиҳад.
Дар ин бора кумитаи омори (статистика) Ӯзбекистон хабар дод.
Дар ин муддат ҳаҷми содироти маҳсулоти Ӯзбекистон 6,3 миллиард доллар буд, ки ин шумор 22,6 дарсад коҳишро нишон медиҳад. Ҳамчунин, воридоти маҳсулот ба Ӯзбекистон (9,6 миллиард доллар) 15 дарсад коҳиш ёфт.
Дар шаш моҳ ҳаҷми гардиши молӣ дар миёни Ӯзбекистон бо Чин 2,875 миллиард доллар, бо Русия 2,592 миллиард доллар, бо Қазоқистон 1,336 миллиард доллар ва бо Кореяи Ҷанубӣ 1,13 миллиард доллар буд.
Бино ба додаҳо, Ӯзбекистон 34,4 дарсади маҳсулоти содиротии худро ба кишварҳои узви ИДМ интиқол медиҳад. Дар зимн, ҳаҷми содироти маҳсулоти Ӯзбекистон ба ИДМ дар моҳҳои январ-июн 0,8 дарсад коҳиш ёфт.
Манбаъ: Регнум

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ