Путин: сатҳи фавт дар Русия 1,5 фоизро ташкил медиҳад

Путин: сатҳи фавт дар Русия 1,5 фоизро ташкил медиҳад

  • Post category:Ҷаҳон

Сатҳи фавт аз бемории коронавирус дар ҳудуди Русия дар муқоиса бо кишварҳои Урупо пасттар аст, гуфт раисиҷумҳури Русия Владимир Путин.
Путин қайд кард, ки сатҳи фавт дар Русия 1,5 % — ро ташкил медиҳад, дар ҳоле, ки дар баъзе аз кишварҳои Урупо ин нишондод ба 13 дарсад баробар аст.
Ба гуфти Владимир Путин сатҳи фавт аз нишондиҳандаи муҳими кори мақомоти тандурустии ин ё он кишвар шаҳодат медиҳад.
«Дар кишварҳои бо низоми хуби кори соҳаи тандурустӣ, дар давлатҳои бойи Урупо сатҳи фавт 8, 10, 11, 13%-ро ташкил медиҳад. Дар бархе аз кишварҳо — чун Белгия ва Бритониё ин нишондод то 15 дарсад мерасад. Дар мо — 1,5 % гуфт, Владимир Путин зимни суҳбат бо кормандони корхонаи киштисозии «Залив».
Бино ба гузориши ситоди фаврӣ дар Русия то 20 июли соли равон 777,4 ҳазор кас мубталои коронавирус шуда, 12,4 ҳазор шаҳрванд ҷони худро аз даст додааст.
Дар баробари ин Русия аз ҷиҳати сатҳи фавт аз коронавирус миёни мамолики ҷаҳон ҷойи 11-умро ишғол мекунад.
Дар ҷойи аввал аз ҷиҳати марг аз коронавирус ИМА бо 143 ҳазор ҳолати фавт қарор дорад. Мақоми дуюм бо 79 ҳазор ҷонбохта аз Бразилия ва Бритониё бо — 45,3 ҳазор фавт дар ҷойи сеюм меистад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ