Дар Тошканд ҳолати навбатии нобудшавӣ аз коронавирус қайд

Дар Тошканд ҳолати навбатии нобудшавӣ аз коронавирус қайд

гардид Ин ҳолати 93-юмини эълоншавии расмӣ шуд. Дар ин бора Вазорати ҳифзи тандурустии Ӯзбекистон хабар дод. Зани 68-сола, сокини ноҳияи Шайхонтоҳури шаҳри Тошканд М.И. аз 25- уми июн то 14-уми июли соли ҷорӣ дар Маркази илмии ёрии таъҷилии тиббии ҷумҳурӣ даво гирифтааст. Рӯзи 15-уми июл дар вай коронавирус тасдиқ гардида, бо ҳолати вазнин ба шӯъбаи реаниматсияи клиникаи бисёрсоҳавии Академияи тиббии Тошканд хобонда шуда, ба ускунаи тиббии нафаси сунъӣ диҳанда васл гардидааст. Аммо бо муолиҷаҳо нигоҳ накарда, аҳволаш вазнинтар шуда, имрӯз аз беморӣ вафот кардааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ