Ба ходимони ёрии таъҷилӣ изофапулӣ таъин гардид

Ба ходимони ёрии таъҷилӣ изофапулӣ таъин гардид


Дар Ӯзбекистон барои фаъолияти ходимони ёрии зудмаҳали тиббӣ бо пардохти изофапулӣ рағбатнок карда мешавад, меояд дар хабар. Он аз санаи 20-уми июли соли 2020 аз ҷониби Маҳкамаи Вазирон дар асоси қарор «дар бораи чора ва тадбирҳои хизмати ёрии тиббии аҳолӣ» дар давраи пандинемияи коронавирус» ишора аст.
Тибқи маълумоти Вазорати ҳифзи тандурустӣ мувофиқи қарор, аз санаи 20 -уми июли соли 2020 бригадаи ёрии зудмаҳали тиббии мобилӣ иборат аз 1 нафар ронанда ва 1 нафар ходими тиббӣ ба таври нормативӣ дар давраи пандинемияи коронавирус шабу рӯз навбатдорӣ мекунанд, ташкил карда шуд.
Ба ходимони охири ҳар моҳ ба маоши лавозимиашон 6 фоиз пардохти иловагӣ зам карда ва аз ҷиҳати моддӣ рағбатнок карда мешавад:
-ходимони шифокор -2,5 миллион сӯм;
-ходимони миёнаи тиббӣ -1,5 миллион сӯм;

  • ба ронандагон -1 миллион сӯм.
    Вазъияти шаҳри Тошканд, вилоятҳо Ҷумҳурияти Қароқалпоқистон инчунин, эҳтиёҷоти бисёр ба ёрии таъҷилӣ бригадаи ёрии мобилӣ бо нормативҳои муваққатӣ тасдиқ карда шуд. Бо сабаби саривақт расида наомадани нақлиёти хизмати ёрии таъҷилӣ се рӯзи аввал дар Тошканд, 43 нафар аз бемориҳои гуногун ҷон доданд. Инчунин вазъияти вазнини хизмати ёрии таъҷилӣ чуноне, ки ходимон нақл мекунанд, ба назар гирифта шудааст.
    Бо ҳамин сабаб ҳокими шаҳри Тошканд барои мубориза бар зидди пандинемияи коронавирус ва пешгирии он якчандто нақлиёти русуми Дамас харида ба истифода дод
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ