Донишҷӯёни ба Сарвазир муроҷиат кардагонро аз Россия баргардонданд

Донишҷӯёни ба Сарвазир муроҷиат кардагонро аз Россия баргардонданд

Бино ба супориши Президент Шавкат Мирзиёев қариб 200 нафар донишҷӯёни ӯзбекистониро, ки дар шаҳри Новосибирск таҳсил доранд, бо воситаи рейси чартерӣ ба Ӯзбекистон оварданд. Донишҷӯён дар Аэропорти байналхалқии ба номи Ислом Каримов аз санҷиши қоидаҳои санитарӣ гузаштанд. Борҳои онҳоро дар тартиби дахлдор дезинфексия карданд. Бо мақсади ҳифзи саломатии донишҷӯёни мазкур, ки дар ҳавзаи Федерали Сибири шаҳри Томск таҳсил доранд, дар тартиби муайяншуда ба карантин мегиранд. Баъд, онҳо ба оилаҳои худ бармегарданд. Ба қарибӣ, муроҷиати ба Сарвазир Абдулло Арипов кардаи донишҷӯён дар сохторҳои иҷтимоӣ паҳн гардида буд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ