Афгондухтари 14-сола барои марги падару модараш аз ҷангҷӯёни Толибон интиқом гирифт

Афгондухтари 14-сола барои марги падару модараш аз ҷангҷӯёни Толибон интиқом гирифт

Дар музофоти Ғури Афғонистон духтари 14 — сола ду ҷангии Толибонро паронд ва чанд нафари дигарро шадидан захмӣ намуд, хабар медиҳад агентии Франс Пресс.
Ба иттилои манбаъ, ҷангиёни Ҷунбиши радикалии Толибон ба хонаи Қамар Гули 14 — сола ворид шуда, падарашро бо худ бурдани шуданд, ки дар натиҷа ҳамсари ӯ муқобилият нишон дод ва силоҳбадастон ҳар дуи онҳоро ҳадафи тир қарор доранд.
Гуфта мешавад, дар ин асно духтари ноболиғ милтиқи АК — 40 — ро гирифта, ду толибро кушт ва чанд ҳамраҳи онҳоро маҷрӯҳ кард.
Манбаъ аз қавли Ҳабибураҳмон Маликзода волии ин музофот хабар медиҳад, ки Гул ва бародари кӯчакашро мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҷойи амнтар куч доданд.
Дар Афғонистон бархӯрд миёни қувваҳои давлатӣ ва ҷангҷӯёни ҷунбиши радикалии Толибон ҷараён дорад. 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ