Қабри Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ дар куҷо?

Қабри Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ дар куҷо?

  • Post category:Фарҳанг

«Мо бояд таърихи ҳаракати ҷадидӣ, мероси аҷдодон – маърифатпарваронро амиқ омӯзем. Чӣ қадаре ки мо ин мероси маънавиро омӯзем, ёфтани ҷавоб ба саволҳои имрӯзаи мо осонтар мегардад. Чӣ қадаре ки мо онро фаъолтар тарғиб намоем, мардуми мо, хусусан ҷавонон, ба қадри ҳаёти орому озоди мо хоҳад расид».

Шавкат МИРЗИЁЕВ.

Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ (1875-1919) чун арбоби ҷамоат, олим, нависанда, драматург, забоншинос, публисист, муҳаррири рӯзномаи «Оина», пешвои ҳаракати ҷадидӣ дар таърих аз худ ном ва осори нек гузоштааст. Мақолаҳои илмии ин марди маърифатпарвар дар соҳаи забоншиносӣ ва адабиётшиносӣ арзиши бузург доранд. То имрӯз дар бораи ҳаёт ва эҷодиёти Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ мақолаҳои бешумор ва асарҳои алоҳида эҷод шудааст, ки дар онҳо оид ба роҳи зиндагӣ ва паҳлӯҳои гуногуни фаъолияти ин донишманд маълумотҳои нодир ҷамъоварӣ гардидааст.
Муттаассифона, баробари таҳқиқи ҳамаҷонибаи мероси илмиву адабии Беҳбудӣ, баъзе воқеоти ҳаёти ӯ то ҳол норавшананд ва дар байни беҳбудишиносон ба таври гуногун талқин мешаванд. Масалан, Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ кай ва дар куҷо қатл карда шуд? Беҳбудиро чаро қатл карданд? Сабаби низои байни амири Бухоро ва Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ дар чӣ буд?
Боз яке аз чунин масъалаҳо, дар куҷо қарор доштани қабри Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ мебошад. Қариб як аср аст, ки ин савол беҷавоб мемонад ва дар бораи он андешаҳои мухталиф мавҷуданд. Хӯш, Беҳбудиро дар куҷо ба хок супурда буданд?
Барои ба ин савол ҷавоб ёфтан як қатор ҳамсафони Беҳбудӣ, аз ҷумла Абдурауф Фитрат, Сад­риддин Айнӣ, Ҳоҷӣ Муин ва дигарон пас аз вафоти ӯ ҳаракат карда бошанд ҳам, корҳои назаррас, таҳқиқоти амиқ дар ин самт танҳо пас аз солҳои истиқлол сурат гирифт. Доир ба хокҷойи Беҳбудӣ як гурӯҳ ҷадидшиносон, муаррихон, адабиётшиносон мақолаҳо навишта, дар матбуот эълон карданд.
Дар ин бора аз тарафи олимони варзида – Бегали Қосимов, Поён Равшанов, Умед Бекмуҳаммад, Нусрат Раҳмат, Наим Каримов, Ҳалим Саид (Ҳалим Саидов), Мӯмин Азизов, эҷодкорон – Самар Нуров, Чорӣ Ҳамро, Мухтор Худойқулов, Шарофат Ашӯрова ва дигарон корҳои таҳқиқотӣ, ҷустуҷӯйҳои илмӣ анҷом ёфтааст.Ҳамаи таҳқиқгарон дар бораи қабри Маҳмуд­хоҷа Беҳбудӣ фикрҳои гуногунро пеш меронанд.
Дар як шумораи газетаи «Ахбори Бухоро», ки 3-юми октябри соли 1923 чоп шуд, мақолае бо муаллифии устод Садриддин Айнӣ чоп мешавад. Дар мақола хабаре ба мазмуни «Қабри Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ дарёфт гардида, корҳо бобати дар болои он гузоштани муҷассама давом дорад» интишор мегардад. «Пас аз нашри ин хабари пурсарусадо низ, – мегӯяд олим Наим Каримов, – масъалаи дар куҷо ба хок супурдани Беҳбудӣ ва ҳамсафарони ӯ то ҳол ҳалли худро наёфтааст».

Нависанда, шоир ва олим Мухтор Худойқулов дар мақолаи «Рӯзҳои вопасини адиби маърифатпарвар», ки дар газетаи «Ҳуррият» чоп шудааст, чунин менависад:
«Тобистони соли 1919 дар майдони бекаси ба зиндони шаҳри Қаршӣ пайваста – дар даромадгоҳи ҳудуди аморати Бухоро – воқеаи мудҳиш рӯй дод: чор инсони бегуноҳ қатл карда шуд. Қатлшудагон адиби машҳури маърифатпарвар, муҳаррир ва ношири маҷаллаи «Оина» Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ ва ду шарики вай – Мардонқул писари Шомаҳмуд ва Маҳмудхоҷа писари Ӯринбой буданд. Дар баробари онҳо маҳрами беки Қаршӣ, зиндонбон Аҳмад ном шахс низ қатл карда шуд. Назар ба маълумотҳо, ҷаллодон маҳкумонро барои қабрканӣ маҷбур мекунанд. Сипас, ба онҳо барои пеш аз вафот ба намозхонӣ иҷозат надода, аввал Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ, сипас, ба гардани дигарон корд кашида, сарашонро аз тан ҷудо мекунанд ва дар қабрҳои тайёр гӯр карда, барои маълум нашудан онро бо замин баробар месозанд.»
Чунин нуқтаи назарро, яъне бо дасти худи маҳкумон қабр канонда, ба он ҷой гӯрондаву бо замин яксон кардани қабрҳоро, дар таҳқиқоти дигар беҳбудишиносон низ мушоҳида намуданамон мумкин аст.
Чанде пеш мо барои дақиқ омӯхтани назари олиму донишмандони беҳбудишинос ҳамроҳи номзади фанҳои филология, дотсент, наберакелини Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ – Раъно Тӯрахӯҷаева ба шаҳри Қаршӣ рафтем. Дар аснои сафар бо чанд нафар маърифатпарвароне, ки ба эҷоди Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ эҳтироми хоса доранд ва дар бораи ҳаёту фаъолияти эшон мақолаҳо навиштаанд, сӯҳбат кардем.
– Соли 1985 дар маҳалл

аи Бекҳои шаҳри Қаршӣ ҳавлӣ харида, кӯчида омадем, – мегӯяд адиба, сарвари муассисаи Хазинаи хайриявӣ-­ҷамоатии байналхалқии «Олтин мерос» дар вилояти Қашқадарё Шарофат Ашӯрова. – Гоҳо аз Қамашӣ падарам омада, се-­чор рӯз меҳмон мешуданд. Боре, ҳангоми меҳмонии падарам, ҳамсояамон, марди солхӯрда Мусохон бобо омаданд. Дар атрофи дастархон сӯҳбат дар бораи Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ сурат гирифт. Азбаски, ба ҳаёту фаъолияти ин марди маърифатпарвар бефарқ набудам, дар бораи эшон пурсидам. Мусохон бобо дар бораи воқеоти солҳои бистум ҳикоя карданд. Гуфтанд, ки «ҳангоми қатли Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ ҳоло ҷавон будам. Азбаски, падару модар надоштам, маро ба кори давлатӣ гирифтанд. Дар ҳабсхонаи Қаршӣ чун посбон кор мекардам».
Назар ба маълумоти Мусохонбобо эшон Беҳбудӣ дар боғи қафои мадрасаи Хӯҷа Абдулазиз, яъне дар чорбоғи бекҳо ба қатл расонида шудаанд. Дар ҳамон ҷойи қатлшуда гӯр карда, заминро ҳамвор кардаанд. Дертар хоки онҳоро аз ин ҷо гирифта, ба қабристони «Эшони шаҳид» мебаранд. Ҳоло дар ин манзил, яъне қафои мадрасаи Хӯҷа Абдулазиз нишоне аз қабрҳо боқӣ намондааст.
Дар бораи манзили охирини Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ олим, нависанда, муҳаққиқ, профессор Поён Равшанов мақолаҳои зиёд навиштааст. Дар ин бора дар мақолаи «Манзили охирини Беҳбудӣ» ном мақолаи худ, ки соли 2010 дар шумораи 30-юми газетаи «Ӯзбекистон адабиёти ва санъати» чоп шудааст, маълумотҳоро дар асоси асноду далелҳо баён кардааст.
Вақте ки бо Поён Равшанов дар бораи мавқеи қабри Беҳбудӣ сӯҳбат кардем, чанд андешаеро баён кард, ки аз гуфтаҳои дигар беҳбудишиносон фарқ мекунад.
– Фикрҳо дар бораи аз тан ҷудо кардани сари Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ ва шарикони ӯ, инчунин, бо замин яксон кардани қабри онҳо нодуруст асосӣ воқеӣ надоранд, – мегӯяд Поён Равшанов. – Соли 2010 аз архиви ҳокимияти вилояти Қашқадарё чанд қайдро дас­трас намудам. Аснод доир ба кори 55, рӯйхати 1, хазинаи 34 гиреҳҳои ин масъаларо бароям кушоданд. Дар саҳифаи ҳафтуми ин ҷилд, санаи навишта шудани он 19-уми июни соли 1925 қайд гардидааст. Бояд гуфт, ки солҳои 1924-1925 дар воҳа мубориза бар зидди нерӯҳои ҳаракати озодихоҳ («аксулинқилобчиён», «босмачиён») пурзӯр гардида буд. Комиссияи вилоятие, ки бо мақсади боздоштани фаъолияти онҳо ташкил гардид, «моҳонаи зарбдор» эълон мекунад. Дар ҳуҷҷат оид ба қарори саввуми ҷамъомади комиссия, қабри Беҳбудӣ низ ба забон гирифта шудааст. Дар асоси маълумоти ҳуҷҷат, хулосае бармеояд, ки соли 1925 қабри Беҳбудӣ мавҷуд буд.
Аз забони фолклоршинос Чорӣ Ҳамро, номзади фанҳои филология Абдумӯъмин Қаҳҳоров, ки дар шаҳри Қаршӣ зиндагӣ кардаанд, борҳо шунидаам, ки онҳо дар қабристони «Эшони шаҳид», дар паҳлӯи қабри Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ ба узвияти пионерӣ ва комсомол қабул шудаанд. Аз ин бармеояд, ки хокҷои донишманди заковатманд дар қабристони «Эшони шаҳид» ҷойгир аст. Ба ин дар чанд асноду ҳуҷҷатҳои ҳамон замон, ки дар архиви давлатии вилоят маҳфуз аст, ишора карда шудааст.
Бино ба маълумоти Поён Равшанов ҳоло қаб­ре, ки хокҷойи Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ тахмин карда мешавад, дар қабристони «Эшони шаҳид» ҷойгир аст. Мо аз рӯйи ин масъала бо назоратчии ҳамин қабристон Отабек Ӯринов сӯҳбат кардем.
– Мо даҳ авлод инҷониб дар қабристон кор мекунем, – мегӯяд О. Ӯринов. – Вақте ки ҷавон будам, ҳамроҳи падарам барои обод кардани қабристон бисёр меомадам. Падарам доим мегуфтанд, ки дар паҳлӯи қабри Эшони шаҳид қаб­ри олим ва донишманд, Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ ҷойгир аст. Ҳоло қабр бениҳоят хароб гардидааст ва ба таъмир ниёз дорад.
Аз рӯйи нақли падарам, нахуст Маҳмудхоҷа Беҳбудиро дар қафои мадрасаи Хӯҷа Абдулазиз ба хок супурда, дертар ба ин қабристон мекӯчонанд.
Вақте ки манбаъ ва мақолаҳоро дар бораи хокҷойи Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ баррасӣ намудем, аён гардид, ки то ҳол дар ин самт беҳбудишиносон ба як хулоса наомадаанд, назарҳо гуногунанд ва ҳамдигарро инкор мекунанд.
– Чӯлпон дар шеъре, ки соли 1920 бахшида ба хотираи Беҳбудӣ навиштааст, таъкид мекунад, ки ҷустуҷӯт қабри Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ бениҳоят пурхатар будааст, — мегӯяд наберакелини ин мутафаккир Раъно Тӯрахӯҷаева. — Инчунин, адиба Шарофат Ашӯрова дар китоби «Қадри арзишҳои миллӣ» мақолае дар мавзӯи «Қабри Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ ва вобастагии он ба Қ

аршӣ» навиштааст. Дар мақола хотираҳои худро зикр намуда, таъкид мекунад, ки падараш барои ҷус­туҷӯи қабри Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ муддате дар зиндон нишастааст. Аз ин бармеояд, ки дар он замон ҷойе, ки Беҳбудӣ ба хок супурда шудааст, ноаён будааст. Назари олимон дар бораи дар қаб­ристони «Эшони шаҳид» мавқеъ доштани қабри Беҳбудӣ тахмин аст. Мо бояд барои возеҳ омӯхтани ин масъала чорабиниҳои заруриро анҷом диҳем, то ин муаммо ҳалли худро ёбад.
Дар ҳақиқат, дақиқ омӯхтани паҳлӯҳои эҷоди Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ, пайдо кардани манзили охирини ин алломаи бузург, дар ин самт андешидани чораҳои зарурӣ, инчунин, пас аз муайян кардани қабри Беҳбудӣ обод намудани атрофи он, арҷ гузоштан ба хотираи ин мутафаккир ва адиби маърифатпарвар вазифаи асосии на ҳар як олими беҳбудишинос, балки ҳар яки мо мебошад. Зеро мо авлоди ин алломаи бузург ҳастем ва эҳтироми рӯҳи поки гузаштагон қарзи инсонии мо мебошад.
Хурсандиовар аст, ки ҳоло доир ба аниқ кардани қабри Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ аз тарафи профессор Поён Равшанов, директори музейи давлатии таърих ва фарҳанги вилояти Қашқадарё Баҳодур Мамадиев, ворисони Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ ва як гурӯҳ эҷодкору адабиётшиносон корҳои ҷустуҷӯӣ оғоз гардидааст.
Дар асоси омӯхтани манбаъҳои гуногун, андешаҳои олимон, фикру мулоҳизаҳои доираи васеи ҷамоатӣ умед аст, ки рӯзҳои наздик хокҷойи Беҳбудӣ аниқ карда мешавад.

Дар доираи мавзӯъ:

Таҳқиқи амиқи мероси маорифпарварӣ, иҷтимоӣ-­сиёсӣ ва эҷодии Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ аз солҳои аввали истиқлолият оғоз гардид. Дар ин соҳа нахустин рисолаи махсус соли 1994 аз тарафи адабиётшинос Аҳмад Алиев навишта шуд. Сипас, мақолаҳои як қатор олимон, ки таърихи адабиёт ва ҳаракати ҷадидиро меомӯхтанд, дар мавзӯъҳои «Исмоил Гаспринский ва Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ», «Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ – тарғибгари навгонӣ», «Фарзанди асил», «Маърифатпарвари бузург», «Нури фурӯзони дил» ва ғайра интишор гардиданд. Инчунин «Драмаи ҷадид»-и адабиётшинос Ш. Ризоев, китоби олимаҳои таърихнигор Д. Алимова ва Д. Рашидова «Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ ва тафаккури таърихии вай» бо забони русӣ нашр шуд.
Ҳалим Саидов аз рӯйи мавзӯи «Фаъолияти публисистӣ ва муҳарририи Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ» соҳиби дараҷаи илмии номзади фанҳои филологӣ гардид. Инчунин, таҳқиқгари ҷавон Нормурод Авазов дар ҳамин мавзӯъ диссертатсияи номзадӣ дифоъ кард.
Соли 1997 таҳти рукни «Қаҳрамонҳои истиқлол» «Асарҳои мунтахаб»-и Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ чоп гардид. Инчунин, солҳои 1999 ва 2006 мунтахаби асарҳои Беҳбудӣ аз нав нашр шуд.
Соли 2019 романи «Ҷадид»-и олим ва журналист Нусрат Раҳмат рӯйи чопро дид, ки дар он доир ба ҳаёт ва фаъолияти М. Беҳбудӣ низ маълумот дода шудааст.

Фаридуни ФАРҲОДЗОД,
Наврӯз БОБОАҲМЕДОВ.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ