Варзиш: дастовард ва муаммоҳои соҳа

Варзиш: дастовард ва муаммоҳои соҳа

  • Post category:Варзиш

Баробари ривоҷёбии намудҳои варзиш дар мамлакат ва эътибор ба ин самт, ҳазорҳо ҷавондухтару писарон бо варзиш машғул мешаванд ва дар мусобиқаҳо иштирок намуда, ҷойҳои назаррасро ишғол мекунанд.
Варзишгарони Ӯзбекистон аз соли 1994 инҷониб дар олимпиадаҳои ҷаҳонӣ мунтазам иштирок карда меоянд. Беҳуда нест, ки варзишгаронамон дар мусобиқаҳои параалимпии XV ва олимпии XXXI, ки дар шаҳри Рио-­де-­жанейрои Бразилия гузашт, вакилони мамолики дунёро дар ҳайрат гузоштанд. Дар байни онҳо иштироки варзишгарони самарқандӣ дар дили ҳазорон дӯстдорони варзиши вилоят эҳсоси ифтихорро пайдо кард. Муштзани самарқандӣ Н. Анфимов соли 1972 дар олимпиадаи XX дар Мюнхен ба чорак финал баромада бошад, Дилшод Ёрбеков дар олимпиадаи XVI шаҳри Атлантаи ИМА, ки соли 1996 баргузор гардид, ҷойи панҷумро, Г. Пуляев оиди гӯштии юнон-­рум иштирок карда ҷойи 6-умро ишғол кард. Соли 2000 дар олимпиадаи тобистонаи XXVII, ки дар шаҳри Сиднейи Австрия баргузор гардид, Д. Ёрбеков (бокс), Б. Қурбонов (гӯштии озод), У. Пискунова (атлетикаи сабук) шарафи ватанамонро ҳимоя карданд. Соли 2008 дар олимпиадаи XXVIII‑уми шаҳри Пекини Хитой Ӯ. Қурбонов ва Х. Набиевҳо оиди дзюдо М. Абдуллоев (гӯштии юнон-­рум), А. Котлярова (атлетикаи сабук) бомуваффақият ширкат намуданд. Соли 2012 ба варзишгарони самарқандӣ бахти иштирок дар Бозиҳои олимпии XXX Лондон (Бритониёи Кабир) муяссар гашт.
Соли 2019 ҷавонони вилоят дар чемпионатҳои ҷаҳон сазовори 27-то медал гаштанд. Аз онҳо 8-то тилло, 9-то нуқра, 10-то биринҷӣ бошад, дар чемпионати Осиё иштирок карда, ҷамъ 70-то медал ба даст оварданд, ки 24-тои он медали тилло, 25-то нуқра ва 21-то биринҷиро ташкил медиҳад. Дар мусобиқаҳои байналхалқӣ ҷамъ 185-то медал аз он: 81-то тилло, 49-то нуқра, ва 55-то медали биринҷиро соҳиб шуданд. Соли гузашта варзишгарони вилоят дар баҳсҳои чемпионати Ӯзбекистон ва Ҷоми ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, сазовори 1917-то медал гаштанд. Аз онҳо 606-то тилло, 617-то нуқра, 694-то биринҷӣ буданд. Аз варзишгарони вилоят соли ҷорӣ ҷамъ 925 нафар варзишгар ба таркиби ҷамоаи мунтахаб қабул шуданд, ки аз он 521 нафараш ба таркиби асосӣ, 404 нафараш ба таркиби захира гузаронида шудааст.
Ҳоло дар вилоят 5653 –то иншоотҳои варзишӣ мавҷуд буда, аз онҳо 1-то канали қаиқронӣ, 2-то манеж, 58-то стадион, 15-то бассейни шиноварӣ, 1028-то толори варзишӣ мебошанд. Аз он 4342-тоаш дар тасарруфи Садорати таълими халқ, 194-тоаш дар тасарруфи Садорати варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ, 11-то дар тасарруфи литсейҳои академӣ, 702-то дар тасарруфи таълими муассисаҳои профессионалӣ, 26-то дар дар зери тасарруфи муассисаҳои таълими олӣ ва дигар ташкилотҳо мебошанд.
Дар вилояти Самарқанд 30-то муассисаи таълими варзишӣ амал карда, 21-то Мактаби варзиши бачагон ва наврасон, 5-то Мактаби варзишии ихтисосонидашудаи бачагон ва наврасон, 2-то Мактаби ихтисосонидашудаи захираҳои олимпӣ, 1-то академияи футбол, 1-то ҷамоаи профессионалии «Динамо» аз ин ыумлаанд.
Аз ҷониби роҳбарони ҳукумат ва Президенти кишвар дар вилоят барои такмили соҳаи варзиш корҳои назаррас ба вуқӯъ мепайвандад, – мегӯяд сардори Садорати варзиш ва тарбияи ҷисмонии вилояти Самарқанд Шӯҳрат Рӯзиев. – Ҳоло ба шароити пандемия нигоҳ накарда, мураббиён ба таври масофавӣ интернет, телефон тариқи онлайн машғулот мегузаронанд. Баробари хотимаи пандемия ҳама намудҳои мусобиқаҳо мувофиқи нақша давом меёбад.
Дар вилоят намудҳои варзиши дзюдо, гӯштии озод, юнон-­рум, самбо, бокс, гимнастикаи варзишӣ ва гимнастикаи бадеӣ, тенниси рӯйимизӣ ва ғайраҳо хеле ривоҷ ёфтааст. Мактаби ба гӯштини якка ихтисосонидашудаи вилоят, Мактаби варзиши бачагон ва наврасони рақами 1, 2, Мактаби ихтисосонидашудаи захираҳои олимпии шаҳри Самарқанд ва ноҳияи Тайлоқро ба дигарон чун намуна нишон додан мумкин. Аммо байни намудҳои баскетбол, футбол, волейболи варзиш хуб ривоҷ накардааст. Вазифаи асосии имрӯзаи мо ривоҷ додани ин намудҳои варзиш аст.
Дар ноҳияҳои Ургут, Самарқанд, Иштихон ва Каттақӯрғони вилоят ҳавзҳои шиноварӣ сохта шудааст, лекин ба талабот ҷавобгӯ нестанд. Чунки дар онҳо таъминоти газу барқ хуб ба роҳ монда нашудааст. Умед мекунем, ки дар ояндаи назд

ик муаммоҳо ҳалли худро меёбанд ва соҳаи варзиш ривоҷ ёфта, дар миқёси вилоят ҷоизадорони якчанд олимпиадаҳо ба камол мерасанд.
– Чун дигар соҳаҳо, дар соҳаи варзиш низ имкониятҳои беназир мавҷуд, – мегӯяд профессори кафедраи «Методикаи тарбияи ҷисмонӣ» ва раиси шӯрои мувофиқгардонии фаъолияти собиқадорони корҳои варзиши вилоят Ҳамроқул Рофиев. – Фақат аз имкониятҳо бояд оқилона истифода бурд. Дар солҳои охир варзишгарон дар мусобиқаҳои бонуфуз иштирок карда, ҷойҳои назаррасро соҳиб шуданд. Ҳоло аз ноҳияҳои вилоят низ варзишгарони боистеъдод мебароянд. Сол то сол иншоотҳои варзишӣ зиёд шуда истодааст. Ин албатта хуб. Лекин аз байни талабагони мактабҳои олӣ иштирокчиёни олимпиада хеле кам. Бояд дар байни ҷавонони мактабҳои олӣ имкониятҳои тайёр намудани варзишгарони бомаҳорат­ро ба роҳ монем.
Дар Самарқанд филиали самарқандии маркази бозомӯзӣ ва такмили ихтисос, таъмини мутахассисони илмиву методӣ оиди варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ ташкил гардид. Дар он аз мактабҳои таълими умумии вилоятҳои Самарқанд, Сурхондарё, Қашқадарё ва Навоӣ муаллимони фанни тарбияи ҷисмонӣ, мураббиёни Мактаби варзишии бачагон ва наврасон ва мутахассисони соҳаи тарбияи ҷисмонии таълими томактабӣ малакаи худро зиёд мекунанд. Инчунин, дар Самарқанд филиали самарқандии Донишгоҳи сайёҳиву варзиш ва маданияти ҷисмонии Москва ташкил карда шуд. Самарадории филиали Русия бевосита ба фаъолияти мураббию профессорони мактабҳои олӣ вобаста мебошад. Ин филиали донишгоҳ яке аз иншоотҳои мукаммалу замонавии варзишӣ ба ҳисоб меравад, ки лоиқи эътибор аст.

Салом ҲАКИМОВ.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ