КОРОНАВИРУС: ФАРДОИ ҶАҲОН ЧӢ ГУНА ХОҲАД БУД?

КОРОНАВИРУС: ФАРДОИ ҶАҲОН ЧӢ ГУНА ХОҲАД БУД?

Якбора авҷ гирифтани пандемияи коронавирус, новобаста аз мавҷи чандум буданаш, ҳамаро ба ташвиш меорад. Мардум оромии худро гум карданд. Дар баъзе ҷойҳо он бетартибиҳои бефоидаро, ки ба вазъияти мамлакат таъсири манфӣ мерасонад, овард. Пас, ҷаҳон ҳоло дар кадом самт рушд хоҳад кард? Зиндагӣ дар рӯйи замин чӣ гуна хоҳад буд? Инсониятро чӣ интизор аст?

Котиби генералии СММ Антониу Гутерриш дар мусоҳиба бо нашриёти «Aftonbladet»-и Шветсия гуфт, ки пас аз пандемия ду сенария барои ҷаҳон вуҷуд дорад. Якумаш некбинона буда, ба он ишора мекунад, ки кишварҳо метавонанд аз вазъияти кунунӣ бароянд. Мамлакатҳои мутараққӣ нақшаи бомуваффақияти барқароршавиро мекашанд, кишварҳои рӯ ба тараққӣ кӯмаки кофӣ мегиранд.
Гутерриш изҳори умедворӣ кард, ки тақрибан дар давоми нӯҳ моҳ ваксина пайдо мешавад ва озодона паҳн карда шуда, барои ҳама дастрас мегардад. Агар ривоҷи воқеаҳо ҳамин тариқ сурат гирад, иқтисодиёт тадриҷан барқарор мешавад, дар ин ҳол баъд аз ду ё се сол ҷаҳон то андозае ба ҳолати муқаррарӣ бармегардад.
Аммо дар ҳолати амалҳои худро ҳамоҳанг накардани давлатҳо як сенарияи дигар, бадтар аз он ҳаст. Авҷи нави вирус пайдо шуда, вазъият дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ бадтар мешавад. Ҳамзамон, тадқиқотҳо дар болои ваксина тӯл мекашад ё агар ба зудӣ пайдо шавад, барои он рақобати шадид сар мешавад ва тамоми ваксина танҳо ба кишварҳои дорои имкониятҳои калони иқтисодӣ интиқол дода мешавад. Агар ин сенария ба ҳаёт татбиқ шавад, чи тавре Антониу Гутерриш таъкид менамояд, мо гувоҳи баланд гардидани сегрегатсия (як намуди пастзании нажодӣ), популизм (сафсатабозӣ) ва ксенофобия мегардем.
Илова бар ин, агар сенарияи дуюм амалӣ шавад, ҳар кишвар мустақилона амал хоҳад кард. Дар ниҳоят, ҷаҳон наметавонад барои ҳалли мушкилоти умумиамон ба идоракунии ягона муттаҳид шавад. Дар натиҷаи он таназзули ҷаҳонӣ рух медиҳад, ки камаш аз панҷ то ҳафт сол давом мекунад.
Ба гуфтаи сиёсатмадор, гуфтан душвор аст, ки мо ҳоло дар кадом самт ҳаракат дорем. Вай водор кард, ки ҳама чизи имконпазирро ба ҷо оварем ва ба вазъияти аз ин баъдтар омода бошем. Пандемия бояд хулқу атвори моро тағйир диҳад, аммо ҷудоӣ ҳоло барои ҳама хатарнок аст.
Аз ин рӯ, Котиби генералии СММ аз пешвоёни ҷаҳони даъват ба амал овард, ки мушкилоти ҷаҳониро ҳаллу фасл намоянд ва фаъолияти созмонҳои байналмилалиро дастгирӣ кунанд. Ва ин бесабаб нест.
Тавре роҳбари Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) Тедрос Гебрейесус қайд кард, суръати паҳншавии коронавирус дар ҷаҳон баланд мегардад. Инро ҳамаи мо аз маълумоти ҳаррӯза мебинем. Аён аст, ки пандемия ҳанӯз ба авҷи худ нарасидааст. Аз ин факти якшанбеи гузашта дар ҷаҳон ба қайд гирифта шудани беш аз 400 ҳазор ҳолати сирояти «COVID-19» далолат медиҳад. СУТ ҳайати худро ба Чин барои омӯхтани пайдоиши вирус мефиристад. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки олимон кӯшиш менамоянд, ки пандемияро зуд бартараф кунанд. Вазифаи ҳайат — муқаррар намудани сарчашмаи пайдоиши вирус, инчунин ба пеш гузоштани омӯзиши он, ки чӣ гуна аз ҳайвонот ба инсон сироят намудааст.
Бинобар ақидаи директори иҷроияи Барномаи СУТ оид ба ҳолатҳои фавқулодда дар соҳаи тандурустӣ Майкл Райан, омӯзиши пайдоиши вирус ба як ҳикояи детектив шабоҳат дорад. Мо дақиқ намедонем, ки сарҳади байни ҳайвонот ва одамон кай халалдор шудааст. Олимоне, ки ба Чин сафар мекунанд, кӯшиш менамоянд сабабашро муайян кунанд. Аз ҳама муҳимаш, бояд дарк намуд, ки ҷараёни сирояти вирус ба одамон чӣ гуна рух додааст. Эҳтимол дорад, ки дар занҷираи сирояти вирус аз ҳайвон ба одам метавонистанд ҳам ҳайвоноти ёбоӣ, ҳам ҳайвоноти хонагӣ ё ки ҳайвонот дар бозорҳо гарданд.

Маълум аст, ки Президенти ИМА Доналд Трамп ба Конгресс дар бораи аз СУТ хориҷ шудани мамлакат хабарномаи расмӣ фиристода буд. Трамп қаблан Созмони умумиҷаҳонии тандурустиро дар чораҷӯӣ накардан бар зидди Чин айбдор кард. Сипас ӯ ба СУТ бо боздоштани дастгириии молиявӣ таҳдид кард. Трамп қарори худро бо он шарҳ дод, ки СУТ аз ислоҳоте, ки баргузор намуданашро Вашингтон талаб кардааст, даст кашид. Ҳоло ИМА 450 миллион доллари барои СУТ ҷиҳати эҳтиёҷоти ҷаҳонии ба тандурустӣ марбут пешбинишударо равона мекунад. Аммо онҳоеро, ки дар остонаи гуруснагӣ қарор доранд, кӣ наҷот медиҳад?
Мутаассифона, пешгӯиҳои ноумедкунанда бар он ишора мекунанд, ки бар асари пандемияи коронавирус шумораи одамони гурусна дар ҷаҳон метавонад ба як миллиард нафар бирасад. Аз ҷумла, дар кишварҳои Африқо ва дигар кишварҳои нимкураи ҷанубӣ шумораи беморони «COVID-19» меафзояд, бисёриҳо ҷойи кори худро аз даст додаанд, иқтисод ҷабр мебинад, нархҳои маводи хӯрока меафзояд, низоми тандурустӣ ба сарборӣ тоб оварда наметавонанд, хабар медиҳад созмони хайроти «Welthungerhilfe»-и Олмон.
Тавре ки зикр гардид, коронавирус мушкилоти вобаста ба хушксолӣ, тағйирёбии иқлим, низоъҳои мусаллаҳона ва системаи тандурустиро шадидтар мекунад. Илова бар ин, дар моҳҳои оянда метавонад шумораи одамони гурусна дар ҷаҳон афзоиш ёбад. Тибқи маълумоти ин созмон, ҳоло дар ҷаҳон 821,6 миллион нафар аз гуруснагӣ азият мекашанд, ки ин 11 фоизи аҳолии кураи Замин мебошад. Дар 47 кишвар вазъияти ба озуқаворӣ марбут ҷиддӣ, бениҳоят ҷиддӣ ва хатарнок арзёбӣ карда мешавад.
Аз аҳволи ҷаҳон хабар дорем. Васеъ паҳн шудани коронавирус барои Ӯзбекистон бегона нест. Агар мо ба ҳолати душвор афтидани иқтисодиётамонро нахоҳем, ба ҳамаи мо зарур аст, ки ҳатман ба чораҳои карантин риоя кунем, беҳуда ба кӯча набароем ва ба тавсияҳои зарурӣ риоя намоем.

Абдувалӣ СОЙИБНАЗАРОВ,
шореҳи сиёсӣ. (ӮзА).

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ