Ӯзбекистон ба Тоҷикистон ба миқдори 144 миллион метри мукааб гази табиӣ экспорт кард

Ба нақл аз сомонаи хабарии Авеста, мизони содироти гази табиии Ӯзбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар аз мизони воридоти барқи ин кишвари ҳамсоя ба Ӯзбекистон мебошад.
Мизони содироти гази табиӣ аз кишварамон 2 баробар бештар аз мизони содироти барқ аз ин кишвар ҳамсоя аст.
Бояд гуфт,  ки дар шаш моҳи аввали имсол Тоҷикистон 358 миллион киловатт соат барқ ба арзиши 7 миллион доллар ба Ӯзбекистон содир карда ва 144 миллион метри мукааб гази табиии Ӯзбекистонро ба арзиши 17 миллион доллар ворид кардааст.
Ёдрас мешавем, ахиран мақомоти кишвари ҳамсоя эълом дошт, ки аз аввали соли ҷорӣ Тоҷикистон ҳаҷми содироти қувваи барқро ба кишварҳои ҳамсоя тақрибан 40% кам кард.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ