Дар Тоҷикистон аз 1 сентябр нафақаҳо 15% зиёд мешаванд

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми сентябри соли равон нафақаҳо боло рафта, онҳо бори навбатӣ индексатсия (бо назардошти болоравии нарх дар давраи таваррум) мешаванд. Нафақаҳои меҳнатӣ аз рӯйи синнусол 15% афзуда, нафақаи маъюбони корношоям 50% зиёд мешавад. Дар ин бора Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.
“Дар баробари ин мо дар нақша дорем, ки нафақаҳоро ба андозаи 8% индексатсия кунем”, — изҳор дошт зимни нишасти матбуотӣ директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди ҳукумати ин кишвар Дилмурод Давлатзода.
Ба гуфтаи манбаъ, дар қонунгузории Тоҷикистон индексатсияи ҳамасолаи нафақаҳо пешбинӣ шудааст.
Мувофиқи қонунгузорӣ, қисмҳои суғуртавии нафақаҳои суғуртавӣ ва нафақаҳои меҳнатӣ бе назардошти иловапулӣ ва кумакпулиҳо ба он бояд индексатсия шаванд.
Дар робита ба ин ҳаҷми нафақаи миёна дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки айни замон 303 сомонӣ ($29,44)-ро ташкил медиҳад, низ зиёд мешавад.
Ғайр аз ин, манбаъ таъкид мекунад, ки аз 1 сентябр дар баробари нафақа маош ва стипендияҳо низ зиёд карда мешаванд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ