Ба Донишгоҳи давлатии Самарқанд довталабони зиёд ҳуҷҷат супурданд

Соли ҷорӣ бисёртарин довталабон ба ДДС ҳуҷҷат супурданд. Ба ин таълимгоҳи олӣ ҳуҷҷати 75325 нафар довталаб қабул шуд. Дар ин бора дар анҷумани матбуотӣ ҷонишини директори Маркази давлатии тест Сардор Раҷабов маълум кард. Дар анҷуман оиди 5 муассисаи таълимӣ олӣ, ки бештар ҳуҷҷат қабул карда шудааст, маълумот дода шуд. Бино ба маълумотҳо аз рӯйи бисёртар қабулшавии ҳуҷҷатҳои довталабон ҷойи аввалро ДДС (75325 нафар довталаб), ҷойи дуюмро Донишгоҳи давлатии Қаршӣ (58042 нафар), ҷойи сеюмро Донишгоҳи давлатии Андиҷон (57418 нафар), ҷойи чорумро Донишгоҳи давлатии Урганҷ (53255 нафар), ҷойи панҷумро Донишгоҳи давлатии Тирмиз (51787 нафар) ишғол намуданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ