Кореяи Ҷанубӣ ба Ӯзбекистон ёрии инсондӯстона фиристод

Кореяи Ҷанубӣ ба Ӯзбекистон ёрии инсондӯстона фиристод

  • Post category:Ҷаҳон


Рӯзи гузашта, 22 июл Кореяи Ҷанубӣ ба Ӯзбекистон ёрии инсондӯстона фиристод. Ёрии инсондӯстона ба оҷонси осоиштагии санитарӣ ва эпидемиологии вобаста ба вазорати ҳифзи тандурустии Ӯзбекистон тақдим шуд.
Бино ба иттилои сафорати Кореяи Ҷанубӣ дар Ӯзбекистон, рӯзи 10 июл ин кишвар ба Ӯзбекистон 144 ҳазор дона ниқоби тиббиро ҳамчун ёрии инсондӯстона фиристода буд. Ин бор ёрии инсондӯстона 206 ҳазор дона ниқоби тиббӣ буд.
Ёрии инсондӯстонаро ҳавопаймои ширкати “Korean Air” ба Тошканд овард.
Манбаъ: qalampir.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ