Ӯзбекистон содироти доруҳоро то 1 октябр қатъ кард


Қарори Девони Вазирон “Дар бораи танзими муомилоти доруҳо ва асбобу олоти тиббӣ дар даври пандемияи коронавирус” қабул шуд.
Бино ба хабари qalampir.uz, бар асоси ин қарор, содирот ва ба кишварҳои хориҷӣ бурдани дору ва асбобу олоти тиббӣ аз Ӯзбекистон то 1 октябри соли ҷорӣ мамнӯъ мешавад.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш комиссияи махсуси мубориза бо коронавирус дар мавриди қатъи муваққати содироти доруҳо тасмим гирифта буд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ