Тоҷикистон: шумораи гирифторони коронавирус аз 7 ҳазор нафар афзуд

Тоҷикистон: шумораи гирифторони коронавирус аз 7 ҳазор нафар афзуд

  • Post category:Ҷаҳон

Дирӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 48 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ва 1 фавт ба қайд гирифта шуд, хабар медиҳадмаркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Бино ба иттилои манбаъ, дар муддати аз 30 апрел то 22 июл дар кишвар шумораи гирифторони COVID-19 ба 7015 нафар расида, аз ин беморӣ то кунун дар ин мамлакат 5741 нафар ё худ 81,8%-и гирифторон шифо ёфтаанд. Ҳамзамон, дар ин муддат шумораи ҳолатҳои фавт аз бемории мазкур дар мамлакат ба 58 нафар расид.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ин мамлакат ҳамчунин хабар медиҳад, ки давоми шабонарӯзи охир 142 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 58 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.
Имрӯзҳо дар 85 беморхонаи ин кишвар зиёда аз 7 ҳазору 500 табиб ва 25 ҳазор корманди миёнаи тиб сафарбар шудаанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ