Дар ҷанг алайҳи вирус такягоҳи асосии давлат халқ мебошад

Дар ҷанг алайҳи вирус такягоҳи асосии давлат халқ мебошад

Саломатӣ – неъмати бузург. Мана, ним сол аст, ки дар шароити пандемияи коронавирус маънои ҳақиқии ин нақлро дарк менамоем. Ҳақиқатан ҳам дар давраи карантин бисёр арзишҳо, мазмуни бисёр чизҳои барои мо муҳим куллан тағйир ёфтанд.
Якчанд моҳ пеш аз воридшавии коронавирус дар натиҷаи аз ҷониби ҳукумат гузошта шудани маҳдудиятҳо, тарғиботи фаъолонаи воситаҳои ахбори оммавӣ ва аз ҳама асосиаш хавфро дуруст пай бурдани халқи мо пеши роҳи беморӣ муддати муайян гирифта шуд. Аммо тавре дар бисёр кишварҳои хориҷӣ рӯй дод, дар мо низ амвоҷи дувуми беморӣ назар ба аввалааш хеле пурқудрат омад. Миқдори беморҳои дар як моҳ аниқшуда ҳоло дар соатҳои маълум муайян мегардад. Мутаассифона, адади фавтидагон низ якчанд маротиба афзуд.
Баланд шудани фишори беморӣ ба сифату самараи фаъолияти духтурону ходимони маркази санитарию осоиштагӣ бетаъсир намонд. Бинобар номутаносибии миқдори ходимони тиббӣ, катҳо, компонентҳои тестӣ бо динамикаи сабзиши беморӣ як қатор душвориҳо ба амал омаданд. Оиди бартарафсозии ин ҳолат дар якчанд ҷамъомадҳо аз ҷониби Президентамон супоришҳои қатъӣ дода шуданд. Таъкид ёфт бояд тамоми чораҳои зарурӣ дида шаванд. Албатта, аз рӯи таъмини иҷрои супоришот катҳои иловагӣ гузошта шуданд, захираҳои зарурии воситаҳои дорувор офарида шуд, дар ҳолати бемории сабук ба онҳое, ки дар хона табобат меёбанд, ройгон дода шудани дорувор ҷорӣ гашт, миқдори гурӯҳҳои таъҷилӣ, ки ба онҳо кӯмак мерасонанд, афзуд.
Баҳри бартарафсозии офат аз ҷониби ҳукумат қадамҳои ҳисшаванда гузошта мешаванд. Аммо бояд эътироф кард, давлат ҳар қадар ҳаракат накунад, аз болои ин душман дар танҳоӣ ғолиб омада наметавонад. Дар ҷанг алайҳи вирус такягоҳи асосии давлат халқ, одамони мо мебошанд. Дар даврае, ки мушкилот тавлид меёбад, аз тамоми шаҳрвандонамон мепурсем худро ва наздиконашонро дар вазъи риоя ба қонуну қоидаҳои карантин эҳтиёт кунанд.
Назар ба муолиҷа пешгирии касалӣ осонтар аст, мегӯяд халқ. Вирус вақте ба мо сироят накардааст, ё бо воситаҳои ҳимоя таъмин бошем, он оҷизу беқувват аст, вале бинобар беэҳтиётӣ ё сабаби дигар ба организми мо дарояд, қувваю қудраташ афзудан мегирад. Баробари мо ба наздиконамон ҳуҷум мекунад. Аз ин боис дар вазъи ба зиммаамон гирифтани тамоми масъулият набояд роҳ гузорем вирус наздик шавад, ба инсонҳои қадрнокамон зарар расонад. Аз бефарқӣ ё истиҳола ба вуҷуд омадани чи қадар муаммоҳо, дардҳо, ҷудоиҳоро ҳамаамон дида истодаем. Бинобар ҳамин аз ҳарвақта бештар ҳушёр шуда, ба бепарвоӣ, лоқайдӣ барин иллатҳо роҳ нагузорем. Бо ин нафақат худамонро нигоҳ медорем, балки баҳри ба беморони вазнин бештар вақт ҷудо карда тавонистани табибон ва дар натиҷаи эътибор солимшавии онҳо ҳисса мегузорем.
Офату фалокатҳои зиёде, ки соли ҷорӣ ба сари халқи мо афтоданд, дар лаҳзаҳои душвор аз як гиребон сарбарории шаҳрвандонамонро намоён сохтанд. Танҳо халқҳои қудратнок хусусияти муттаҳидиро ба зуҳур меоранд. Аҳолиамон исбот намуд аз зумраи ҳамин гуна миллатҳои пешқадам аст. Аз ин рӯ амин ҳастем барои аз вазъияти аз ҳарвақта душвор баромадан қудрат, сабр, матонати халқи мардонавори мо мерасад.

Наримон УМАРОВ,
муовини Спикери Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис,
роҳбари фраксияи ҲСД «Адолат».

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ