Ёрии инсондӯстонаи 85 тоннаӣ аз созмони ҷаҳонии тандурустӣ ба Ӯзбекистон


Бюрои минтақаи Аврупои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) ба Ӯзбекистон ба арзиши беш аз 4 миллион доллар ёрии инсондӯстона дод.
Дар ин бора намояндагии СҶТ дар Ӯзбекистон хабар медиҳад.
Ёрии инсондӯстона, ки бори 85-тоннаӣ дошт, аз сӯи қароргоҳи марказии созмон тавассути Бунёди ҷаҳонии ҳамбастагӣ ва мубориза бо COVID-19 харид шуд.
Ӯзбекистон ин ёрии инсондӯстонаи СҶТ-ро дар ду марҳила дарёфт кард. Қисми аввали ёрии инсондӯстона рӯзи 8 июл ва қисми дувум рӯзи 17 июл ба Ӯзбекистон омад. Ниқобҳои ҷарроҳӣ, айнакҳову пӯшокҳои ҳимоя, респираторҳо ва ғайра шомили ёрии инсондӯстона буданд.
Ёрии инсондӯстона барои оҷонси осоиштагии санитарӣ-эпидемиологии вобаста ба вазорати тандурустӣ пешбинӣ шудааст.
Манбаъ: qalampir.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ