Арманистон: Озарбойҷон дар як шаб 6 бор режими оташбасро нақз кард

Арманистон: Озарбойҷон дар як шаб 6 бор режими оташбасро нақз кард

  • Post category:Ҷаҳон


Шушан Степанян, котиби матбуотии вазорати мудофиаи Арманистон дар сафҳаи худ дар Facebook навишт, ки Озарбойҷон шаби 23 июл дар марзи миёни ду кишвар режими оташбасро 6 бор нақз кард.
Ба гуфтаи Степанян, низомиёни озарӣ дар ин муддат ба сӯи Арманистон 43 тир холӣ карданд. Бо ин ҳама, вазъият нисбатан ором буд.
Степанян афзуд, ки марказҳои низомии нерӯҳои мусаллаҳи Арманистон дар деҳаҳои Чинори, Мовсес, Неркин Кармирахбур ва Зангакатун мавриди ҳадафи сарбозони Озарбойҷон қарор гирифтаанд.
Манбаъ: Регнум

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ