Имрӯз Рӯзи байналмилалии наҳанг ва делфин аст

Имрӯз Рӯзи байналмилалии наҳанг ва делфин аст


Ҳамасола сайёраи мо рӯзи 23 июлро чун Рӯзи наҳанг ва делфин таҷлил мекунад (World Whale and Dolphin Day). Ин ҷашн соли 1986 созмон дода шудааст, замоне, ки Комиссияи байналмиаллии наҳангҳо пас аз 200 соли шикори бераҳмонаи наҳанг ин корро мамнӯъ кард.
То имрӯз ҳам шикор ва фурӯши гӯшти наҳанг қатъиян манъ аст.
Вале шикорчиён барои нестшавии наҳангу делфин хатари ягона набуда, имрӯзҳо онҳоро бештар барои сиркҳо ва океанариумҳо ба дом меандозанд.
Ба ҳамин хотир имрӯз, натанҳо рӯзи ҳифзи наҳангу делфин балки ҳамаи намуди ширхораҳои обӣ мебошад.

Далелҳои аҷиб дар бораи наҳангҳо
Наҳангҳои кабуд бузургтарин ҳайвоноти сайёраи мо ба шумор мераванд. Дарозии бадани ин навъи ҳайвон то 33 метр расида вазнаш аз 150 тонна бештар мебошад.
Наҳангҳо қодиранд дар сардтарин обҳо шино кунанд, чун равғани таги пӯсташон онҳоро гарм нигоҳ медорад.

Вақти хоб наҳангҳо бо тадриҷ ба болои об баромада, нафас мегиранд, аз ин лиҳоз танҳо нимаи мағзи сарашон хоб меравад.

Забони наҳанги кабуд 4 тонна вазн дорад. Забони ин ҳайвон чунон калон аст, ки метавонад то 50 кас дар он ҷой гирад.

Наҳангҳо метавонанд то 100 рӯз хоб нараванд ва то 10 моҳ чизе истеъмол накунанд.

Наҳангҳои навзод чанд тонна вазн доранд ва то 8 метр дарозӣ. Ҳар рӯз онҳо то 350-390 литр шири модарро мемаканд. Вазни наҳангҳои нимсола то 25 тонна мерасад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ