Фаъолияти “ҷосусона”-и Чин дар Техас фош шуд

Фаъолияти “ҷосусона”-и Чин дар Техас фош шуд


Шабакаи телевизионии NBC News ба нақл аз чанд мақоми амрикоӣ хабар дод, ки фаъолияти “ҷосусона”-и консулгарии Чин дар шаҳри Хюстони иёлати Техас фош шудааст.
Дар хабари NBC News гуфта мешавад, ки ҳукумати Чин консулгарии худро дар шаҳри Хюстон дер боз барои хадамоти ҷосусӣ ба мақсади “дуздии итилооти хеле муҳими тиббӣ” истифода мебарад. Илова бар ин, Чин кӯшиш кардааст, ки аз тариқи консулгариаш дар Хюстон ба бахши саноати нафту газ дастрасӣ пайдо кунад.
NBC News таъкид мекунад, додаҳои Дафтари бозрасии федералӣ (FBI), ки тӯли чанд сол ҷамъ шудаанд, низ ин исботи ин хабар аст. Ҳамчунин, гуфта мешавад, ки Доналд Трамп ҳамеша аз ин фаъолити “ҷосусӣ” хабардор будааст. Маҳз хабардор буданаш Трампро ба қарори бастани консулгарӣ водор кардааст.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш расонаҳои хабарӣ навиштанд, ки ИМА ба Чин барои бастани консулгариаш дар Хюстон 72 соат муҳлат додааст.
Манбаъ: Регнум

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ