Муниса Ризаева ва аҳли хонаводаи ӯ дар бемористон бистарӣ шуданд

Муниса Ризаева ва аҳли хонаводаи ӯ дар бемористон бистарӣ шуданд


Муниса Ризаева, хонандаи шинохтаи эстрадаи Ӯзбекистон бо аҳли хонаводааш дар бемористон бистарӣ шуд. Ӯ дар ин бора дар сафҳаи худ дар Instagram эълом кард.
Хонанда гуфтааст, ки ӯ мубталои коронавирус нашудааст. Вале, эҳтимолан аҳли хонаводаи ӯ мубталои зотулҷамъ шудаанд. Ба гуфтаи ӯ, вазъияти саломатии падару модараш хеле вазнин аст.
Чанде пеш хонандаи дигар – Каниза низ гирифтори вирус шуда буд. Ӯ гуфтааст, ки шифокорон ӯро дар хонааш муолиҷа мекунанд. Ҳамчунин, Каниза кормандони бахши тандуртиро ба беэътиборӣ ва саҳлангорӣ муттаҳам карда буд.
Манбаъ: qalampir.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ