Москва ба ҷамъомади Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодии назди Шӯрои иқтисодии ИДМ мизбонӣ кард

Москва ба ҷамъомади Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодии назди Шӯрои иқтисодии ИДМ мизбонӣ кард

  • Post category:Ҷаҳон

22 июл дар Шуъбаи Кумитаи иҷроия дар Москва ҷаласаи Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодии Шӯрои иқтисодии ИДМ доир гардид. Дар он инчунин намояндагони мақомоти соҳавии ҳамкории ИДМ, вазорату идораҳои кишварҳои Иттиҳод, кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ИДМ иштирок намуданд.
Зимни ҷаласа асноди муҳими барномавии зерин муҳокима ва тасдиқ шуданд: “Дар бораи натиҷаҳои асосии татбиқи Стратегияи рушди иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои давраи то соли 2020 ва лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи марҳилаи якуми Стратегияи рушди иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (2021-2025) дар давраи то соли 2030″, «Дар бораи лоиҳаи Барномаи байнидавлатии ҳамкории инноватсионии давлатҳои аъзои ИДМ барои давраи то соли 2030», «Дар бораи лоиҳаи Созишномаи ҳамкории иттилоотии кишварҳои узви ИДМ дар соҳаи рушди рақамии ҷомеа». Иштирокчиён инчунин лоиҳаҳои Барномаи чаҳорчӯбавии ҳамкории давлатҳои аъзои ИДМ -ро дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ бо мақсадҳои осоишта барои давраи то соли 2030 ва Нақшаи чорабиниҳоро оид ба татбиқи марҳилаи якуми он (солҳои 2021-2025) ва як зумра масъалаҳои дигарро низ баррасӣ намуданд.
Бо дарназардошти фикру мулоҳизаҳои аъзои Комиссия як қисми асноди вобаста ба масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа ҷиҳати баррасӣ ба Шӯрои иқтисодӣ ва Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ ирсол хоҳанд шуд.
Ҷаласаи навбатии Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ 23-юми сентябри соли 2020 баргузор мешавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ