Дар мамлакат шумора бемороне, ки аз коронавирус шифо ёфтанд, аз 10 ҳазор нафар афзуд

Бино ба ҳолати 23-юми июли соли 2020, соати 17:00 дар Ӯзбекистон адади гирифторони коронавирус ба 18 703 нафар расид.

Ҳолатҳои нави сироят дар вилояти Сурхондарё (84 нафар), шаҳри Тошканд (65 нафар), вилояти Намангон (16 нафар) ва дар вилояти Тошканд (7 нафар) дар шазрвандоне, ки бо сироятёфтагони беморӣ дар мулоқот шудаанд, аниқ карда шуд.

Боиси эътироф аст, ки имрӯз дар шаҳри Тошканд 48 нафар, дар вилояти Навоӣ 27 нафар, дар вилояти Сирдарё 21 нафар, дар вилояти Намангон 20 нафар, дар Ҷумҳурияти Қароқалпоқистон 7 нафар ва дар вилояти Ҷиззах 7 нафар, ҷамъ 130 нафар бемор шиф ёфтанд.

Ҳамзамон, дар мамлакат 10 002 нафар сироятёфтагони коронавирус сиҳат гардиданд, ки ин нишондод 53 фоизро ташкил мекунад.

Ҳоло дар мамлакат ба 8601 нафар бемор аз тарафи шифокорон дар асоси меъёрҳои муқаррарӣ чорабиниҳои тиббӣ амалӣ мегардад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ