Президент ба пешниҳоди дароз кардани маҳдудиятҳои карантини мавҷуда розӣ шуд

Президент ба пешниҳоди дароз кардани маҳдудиятҳои карантини мавҷуда розӣ шуд


Президенти кишварамон дар ҷамъомади видеоии навбатӣ таъкид намуд, ки вазифаи муҳимтарини имрӯза шикастани занҷири вирус дар байни аҳолӣ мебошад. Ин риояи бечунучарои талаботи карантин, мустаҳкам намудани дахлнопазирии онҳо, ҳифзи саломатӣ, мубориза барои ҳаёти ҳар як инсонро талаб мекунад.
Илова бар ин, дар ҷамъомад ба пешниҳоди Комиссияи махсуси ҷумҳуриятӣ оид ба дароз кардани маҳдудиятҳои карантини мавҷуда бо мақсади пешгирии паҳншавии ин беморӣ, ба таври назаррас коҳиш ёфтани марг розигӣ дода шуд.
Таъкид гардид, ки пеш аз ҳама «Мубориза бар зидди пандемия масъалаи виҷдони ҳар яки мост», «Ман пеш аз ҳама барои саломатии худам, оилаам ва фарзандонам масъул ҳастам» барин фикрҳоро дар шуури мардум чуқур расонидан лозим аст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ