Отабеков: Хизмати ёрии таъҷилӣ қатъӣ назар аз кадом бемор, бояд ёрии аввалинро расонад


Дар брифинги навбатие, ки санаи 23 -юми июл бо иштироки Саринспектори назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ Н. Отабеков гузашт, чунин мегӯяд:
«Хизмати ёрии таъҷилӣ қатъӣ назар аз кадом бемор бошад саркашӣ накарда, бояд ёрии аввалини худро расонад. Агар аз ҷониби ходимони хизмати ёрии таъҷилӣ саркашӣ карда шавад шумо метавонед ба рақамҳои боварии Садорати ҳифзи тандурустии минтақа муроҷиат намоед, мувофиқи мақсад мешавад» — мегӯяд ӯ.
Н. Отабеков дар бораи вазъияти ҳозираи паҳншавии эпидемия дар ҷаҳон, гап зада гузашт.
«Мо ҳоло худ бо худ овора шуда аз вазъияти дунё беэътибор мондем. Дар Ӯзбекистон вазъият як миқдор барқарор гашт, дар дунё низ ҳолат ранги дигар гирифт. Халқамонро ба огоҳӣ даъват намуда, корҳои профилактикӣ ва вазъияти эпидемикӣ ҷорӣ намуда, ҳаракат кардем.
Афсус, ки вазъият дубора вазнин гашта, халқ рӯзҳои вазнинро аз сар мегузаронад. Дар натиҷа рӯзҳои охир аз 500-то зиёд бемор ба рӯйхат гирифта мешавад.
Ҳоло дар миқёси ҷаҳон зиёда аз 15 миллиону 376 ҳазор бемор қайд шудааст. Аз он 9 миллиону 352 ҳазор зиёд шифо ёфта, 630 ҳазор зиёд фавтидаанд.
Дар дунё рӯзе 250-280 ҳазор бемор ба рӯйхат гирифта мешавад» — гуфтааст, Саринспектори назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ Н. Отабеков, хабар медиҳад мухбири шабакаи Kunuz.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ