Комиссияи Аврупо баҳри дастгирии Тоҷикистон 112 млн евро маблағ ҷудо мекунад

Комиссияи Аврупо баҳри дастгирии Тоҷикистон 112 млн евро маблағ ҷудо мекунад

  • Post category:Ҷаҳон


Комиссияи Аврупо баҳри дастгирии соҳаҳои тандурустиву маориф ва бахши иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон 112 млн евро маблағ ҷудо мекунад. Иттилоияи расмӣ дар ин бора дар сомонаи Комиссияи Аврупо нашр шудааст.
Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байнулмилалӣ Ютта Урпилайнен дар ин робита изҳор доштааст, ки Иттиҳод ба Тоҷикистон барои вокуниш ба хатари коронавирус ва қонеъ намудани талаботи тиббӣ-санитарӣ ва иҷтимоӣ-иқтисодӣ 112 млн евро маблағ ҷудо мекунад.
“Тоҷикистон сатҳи фарогирии хизматрасонии тиббиро беҳтар карда, ҷавонони тоҷикистонӣ барои гирифтани маълумоти хушсифат дастрасии бештар ва минбаъд дарёфти шуғли шоиста имкон пайдо мекунанд “, — гуфтааст ӯ.
Басти кумак аз се барномаи ба ҳам алоқаманд иборат аст: Барномаи рушди соҳаи тандурустӣ (52,2 млн Евро), Барномаи дастгирии маълумоти хушсифат II (50 млн Евро) ва Барномаи дастгирии ислоҳоти низоми бақайдгирии асноди ҳолати шаҳрвандӣ (10 млн Евро).

asiaplustj.info/tj

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ