Дар Пайариқ зонаи иловагии карантинӣ таъсис мегардад


Дар ноҳияи Пайариқ бо мақсади муҳофизати одамон аз таъсири коронавирус ва ҳарчи зудтар решакан кардани беморӣ тамоми чораву тадбирҳо андешида мешаванд. Бо ташаббуси Президенти мамлакат дар ноҳия барои таҳкими заминаи моддию техникии соҳаи тандурустӣ ва аз рӯи вазъияти мавҷуда бунёди муассисаҳои нави тиббӣ як қатор чорабиниҳо амалӣ мегардад.
Аз ҷумла, илова ба шифохонаи бемориҳои сироятии ноҳия, дар хобгоҳи коллеҷи кӯҳнаи иқтисодиёт ва хизматрасонӣ барои шаҳрвандоне, ки бо беморони COVID-19 муомила кардаанд, барои 200 нафар зонаи эҳтиётии карантинӣ таъсис дода мешавад.Имрӯз ҳокими ноҳия Д.Мусинов ба ин ҳудуд ташриф оварда, бо корҳои анҷомдодашуда дидан кард. Зимни боздид ба роҳбарони ташкилотҳои дахлдор пешниҳод дода шуд, ки барои шаҳрвандони карантинӣ тамоми шароити заруриро муҳайё намуда, онҳоро бо асбобҳои махсус муҷаҳҳаз намоянд.
Хизмати матбуоти ҳокимияти ноҳияи Пайариқ.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ