Сессияи XI-и вилоят чӣ хеле ки хабар додем, дирӯз сессияи ёздаҳуми Шӯрои намояндагони халқи вилоят баргузор гардид.

Сессияи XI-и вилоят чӣ хеле ки хабар додем, дирӯз сессияи ёздаҳуми Шӯрои намояндагони халқи вилоят баргузор гардид.


Сессия бори аввал дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба таври мустақим пахш гардид.
Сараввал, ҳисоботи судҳои вилоят дар бораи натиҷаҳои нимсолаи аввали соли 2020, сардори шӯъбаи корҳои дохилии вилоят аз рӯи ҳолати профилактикии ҳуқуқвайронкунӣ ва пешгирии ҷинояткорӣ дар ҳудудҳои вилоят барои нимсолаи якуми соли 2020 баррасӣ гардид.
Раисони судҳо ва намояндагони халқ ба саволҳои аз рӯи ҳисобот додашудаи назораткунандагони воситаҳои ахбори иҷтимоӣ ҷавоб доданд.
Дар сессия сардори Садорати корҳои дохилии вилоят Ш.Раҳмонов дар бораи барқарор кардани тартиби ҷамоатӣ ва риояи пурраи талаботи чораҳои карантинӣ дар вилоят маълумот дод. Иҷрои барномаи «Чораву тадбирҳои мақсаднок оид ба омӯхтан ва ҳалли муаммоҳои зан ва духтарон, дастгирии моддию маънавии онҳо» дар шаҳру ноҳияҳо дида шуд.
Дар сессия инчунин масъалаи таъсиси котиботи Шӯрои намояндагони халқи вилоят баррасӣ шуд.

  • Президенти мамлакатамон дар нахустин ҷамъомади умумии Сенати Олий Маҷлис (моҳи январи соли ҷорӣ) пешниҳодҳои муҳимро оид ба баланд бардоштани самаранокии шӯрои маҳаллӣ, пурзӯр кардани назорати онҳоро пешниҳод кард, — гуфт раиси Шӯрои намояндагони халқи вилоят Э.Турдимов. — Аз ҷумла, дар он ташаббуси ба шӯрои намунавӣ табдил додани Шӯрои намояндагони халқи вилоят ба миён гузошта шуд. Аз ин рӯ, таъсиси котиботи Шӯрои вилоятӣ пешниҳод карда мешавад.
    Ба котиботе, ки аз се нафар иборат аст, нафаре роҳбарӣ менамояд, ки аз байни депутатҳо интихоб шуда бошад. Вай ба дараҷаи ҷонишини раиси Шӯрои вилоятӣ мешавад. Музди меҳнат, нақлиёт ва масъалаҳои дигар баробари ҷонишини раиси вилоят мебошад.
    Котибот барои ташкили ҷамъомадҳо, таҳияи нақшаҳои кории Шӯро ва ҳамоҳангсозии иҷрои онҳо, хуллас корҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ, иттилоотӣ ва таҳлилии вобаста ба фаъолияти Шӯро масъул аст. Аз ҳокимияти иҷроия мустақил кардани шӯрои маҳаллӣ яке аз қадамҳои устувор мебошад.
    Дар охири муҳокима Низомнома дар бораи Котиботи Шӯрои вилоятии намояндагони халқ, рӯйхати ҳайъати котибот ва нақшаи кории Шӯро барои нимсолаи дуюми соли 2020 тасдиқ карда шуд.
    Дар Шӯрои намояндагони халқи шаҳри Самарқанд ва ноҳияи Оқдарё ҷорӣ намудани ин гуна тартиб ва таъсиси котиботи доимии Шӯро, ки аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ маблағгузорӣ карда мешаванд, ба нақша гирифта шудааст.
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ