Мавҷи дувум дар Фаронса:  Дар як рӯз беш аз ҳазор мавриди гирифторӣ ба COVID-19 сабт шуд

Мавҷи дувум дар Фаронса: Дар як рӯз беш аз ҳазор мавриди гирифторӣ ба COVID-19 сабт шуд

  • Post category:Ҷаҳон

. Дар 24 соати гузашта дар Фаронса беш аз 1000 мавриди гирифторӣ ба коронавирус сабт ва 10 сарчашмаи гирифторӣ кашф шуд. Вазорати тандурустии Фаронса риоят накардани мардум ба қоидаҳои эҳтиётиро сабаби асосии авҷи дубораи пандемия хондааст.
Минтақаҳои асосии сайёҳии Фаронса – соҳилҳои Атлантика, нимҷазираи Бретан ва соҳили Лоҷувард дар ҳудуди сурхи хатарнок қарор доранд.
Дар он сӯи тангаи Ла-Манш – дар Британияи Кабир аз имрӯз пӯшидани ниқобҳои тиббӣ дар мағозаҳо дубора маҷбурӣ мегардад.
Борис Ҷонсон, нахуствазири Британия гуфт, “Мо ин иқдомро фаъолона пуштибонӣ мекунем. Ин чораи ақлонӣ аст, ба хусус вақте, ки пандемия идома дорад, мо мехоҳем хатарҳои сирояти вирусро кам кунем.
Дар Британияи Кабир то ба имрӯз тақрибан 300 нафар мубталои коронавирус ва беш аз 45 ҳазор нафар қурбони он шудаанд.
Манбаъ: ru.euronews.com

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ