ДАР БОРАИ ҶАШНИ ИДИ ҚУРБОН

ДАР БОРАИ ҶАШНИ ИДИ ҚУРБОН

Ба мақсади нигоҳ доштан ва васеъ тарғиб намудани анъанаву арзишҳои қадимии мо мисли эҳсонкорӣ ва олиҳимматӣ, некӣ ва меҳру оқибат, инсонпарварӣ, ки моҳияти иди муқаддаси қурбонро таҷассум менамояд, инчунин дастгирии ниятҳои нек, орзуву саъю кӯшишҳои халқамон: 

  1. Бо назардошти қарори Идораи мусулмонони Ӯзбекистон бобати дар соли 2020 ба 31 июл (ҷумъа) рост омадани рӯзи якуми иди Қурбон 31 июли соли 2020 дар мамлакат ҳамчун ид васеъ ҷашн гирифта шавад. 
  2. Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳокимиятҳои вилоятҳо ва шаҳри Тошканд якҷоя бо Вазорати оид ба дастгирии маҳалла ва оила, Кумитаи оид ба корҳои дини назди Девони Вазирон, инчунин ташкилотҳои ҷамъиятӣ оид ба бо риояи талаботи карантин мувофиқи анъанаҳои миллӣ ва динии халқамон гузарондани Иди қурбон чорабиниҳои зарурӣ амалӣ намоянд.
  3. Ба Ширкати миллии телевизион ва радиои Ӯзбекистон, Агентии миллии ахбори Ӯзбекистон ва воситаҳои ахбори оммавии дигар тавсия дода шавад, ки чорабиниҳои вобаста ба ҷашни иди Қурбонро васеъ равшан намоянд. 
  4. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А.Н.Арипов гузошта шавад.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон 
Ш.МИРЗИЁЕВ

Шаҳри ТОШКАНД, 
24 июли соли 2020.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ