Фоҷиаи як шоираи ҷавон

Фоҷиаи як шоираи ҷавон

  • Post category:Фарҳанг

Дар бораи ба майдон омадани як истеъдоди нодир, дурахши ситораи тоза дар осмони шеърияти рус овозаҳо паҳн шуданд. Ника ном доштааст шоираи ҷавон. Фамилияаш – Турбина. Мухлисонаш торафт афзуда ва мегуфтанд вай Светаеваи нав байни хубони суханвар аст.
Ҳанӯз маҷмӯаи шеърҳояш ҷомаи табъ ба бар накарда, Ника Турбина чун шоираи нотакрор дар доираҳои адабии собиқ иттиҳод шуҳратёр гардид. Бо чоп шудани  аввалин дафтари машқҳояш бо унвони «Сиёҳнавис» берун аз иттиҳод низ вирди забонҳо гашт. Ба худ мегуфтанд, ин маҷмӯа ҳанӯз «сиёҳнавис». «Сафеднавис»-и ӯ чӣ тавр пазируфта мешуда бошад?
«Сиёҳнавис»-и Ника дар як муддати кӯтоҳ бо забонҳои англисӣ, немисӣ, фаронсавӣ, булғорӣ ва ҳоказо тарҷума гашт. Ба кам соҳибистеъдодҳои  дунё дар ин синн (ӯ ҳанӯз хеле ҷавон буд) ин гуна  барори эҷодӣ даст медиҳад.
Чӣ қадар касон дар орзуи дидор бо духтари даҳо, ки дар остонаи балоғат бо падидаҳои қаламӣ дили ҳаводорони шеъру шоириро дар қитъаҳои гуногуни олам тасхир намуд. Модар ва модаркалон, мисле бисот ё ашёе бошад, нодир ва ҳайратангез, ӯро ба ҳама намоиш мекарданд. Паси дарашон ҳамеша пур аз одам: мухбироне, ки интервю гирифтанӣ, навбат мепоиданд.
Ника дар ҷашнвораҳои байналхалқӣ фаъолона иштирок мекард. Мукофотҳо мегирифт. Суратҳояш дар муқоваи маҷаллаҳои рангаи бисёр ҷой мегирифтанд. Бо ҳусну латофат низ Ника таваҷҷӯҳи касон мекашид. Ҷавонон чашм намеканданд. Талабгорҳо хеле зиёд. Духтари ҳарҷониба серҷозиба ва дунёдида – аллакай хеле мамлакатҳоро давр зада дар чӣ қадар базмҳои шеъру суруд гули  сари сабад қарор гирифта буд – ба муҳаббати кӣ ҷавоб дода ва ӯро хушбахт мекарда бошад?
Шоираи ҷавон аз бардор-бардорҳои беҳад худро гум кард.
Ба бемории такаббур дучор шуд. Инҷиқ ва нозпарвард. Аз  андак сухан ё хоҳише, ки табъи дилаш нест, тез оташин мегашт.
Тағйирот дар ӯ, табиист, аҳли хонадонро ба ташвиш гузошт.
Болои ин ба сигоркашӣ ва ҳатто майнӯшӣ майл дорад. Ин ҳама таъсири вохӯриҳо бо ҷавонони гуногун, ки аксарият бойбача буданд ва фикри сабук доштанд.
Хайр, Ника ҳанӯз ҷавон. Ба тарбияаш ҷиддӣ машғул шаванд, ислоҳ мешавад. Ба оҳистагӣ, албатта… лекин духтаракро аз муҳите, ки ӯро бероҳа сохтанист, бояд дур сохт. Нияти Костя ном соҳиби майхонае, ки Никаро ба худ кашидааст, вайрон.
Бо ин гуна андешаҳо модар роҳи Маскавро пеш гирифт.
Ба мактаби рақами 710-ум, ки дар тасарруфи Академияи улум қарор дошт, Никаро ҷойгир намуд.
Наход ӯ ҳанӯз мактабхон? 
Бале, Ника, ки чун шоираи фавқулодда боистеъдод овозааш нисфи ҷаҳонро фаро гирифта, ҳанӯз хонандаи синни мактабӣ буд. 
Хӯш, ӯ куҷоист? Падару модараша чикора буданд? Ба даргоҳи адабиёт чӣ тавр роҳ ёфт? 
Вай соли 1974 дар шаҳри Ялта ба дунё омад.
Дар хонаи сеҳуҷрадор воқеъ дар кӯчаи Садовая бобояш Анатолий ва бибиаш Людмила ҳамроҳ зиста ва онҳо наберачаи дӯстрӯро аз андоза зиёд дӯстдорию навозиш менамуданд. Бобояш духтури ҳарбӣ бошад ҳам, аз адабиёт ва машаққату нашъаи эҷод огоҳ, шеъру ҳикояҳо менавишт. Таронаҳо мехонд ба Ника. Бибиаш ба сифати мудираи бюрои хидматрасонӣ дар меҳмонсарои «Ялта» ҳанӯз аз фаъолият бознамонда ва ба шахсони шинохтаи олами адабиёту фарҳанг робитаи наздик дошт.
Ника бисёр бемор мешуд. То ҳафтсолагӣ бардошта мегаштанд. Ҳамеша дар зери назорат…
Рӯзе модараш Майя Анатолевна дид, ки Никаи нав роҳгардак назди тиреза бо оҳанг чизе мехонад, яъне бо забони шеър чиҳое мегӯяд. Ба ҳаяҷон омад: наход шеър қироат мекунад? 
Ҳарфҳоро, хондану навиштанро зуд азхуд кард. Вақте ба синфи якум супурданд, вай аллакай соҳиби хату савод буд. Шеър менавишт… Вақте ҳаштсола шуд, шеърҳояшро ҷамъ  ва ба ҳолати маҷмӯа оварданд.
Нависандаи машҳур Юлиан Семёнов (муаллифи телесериали «Ҳабдаҳ лаҳзаи баҳор») ба «Ялта» барои истироҳат омад. Рӯзе адиб ба назди Людмила Владимировна даромад ва мошин пурсид. Хуб, гуфт мудираи бюрои хидматрасонӣ ва изофа намуд: «Ба шарте, ки ҳамин дафтари шеърҳои набераамро як варақ занед ва фикри худ гӯед».
Ю. Семёнов аз ноилоҷӣ дафтарро гирифт. Бо рӯи турш: «Вақти одамро мегиранд ин кампирҳо, шеър гуфта чиро мефаҳмида бошанд онҳо? Гардам аз набераи шеърнависат!» – аз дил гузаронд.
Баъди хеле муддат, асное шеърҳоро мехонд, бовараш намеомад, ки гӯ

яндаи онҳо духтарчаи ҳаштсола. Шеърҳо барои кӯдакон не, барои калонсолон навишта шуда буданд. Шеърҳои оддӣ не,  гуфт Семёнов бо тааҷҷуб ва ҳаяҷон.
Баъди чанде бо таклифи Ю. Семёнов аз рӯзномаи «Комсомолская правда» ба Ялта мухбири махсус омад ва дар бораи Никаи ҳаштсола, шеърҳое, ки эҷод кардааст, мақола навишт. Навиштаҳои рӯзноманигор бо як силсила ашъори Н. Турбина дар рӯзнома эълон гардид.
Тавре дар боло таъкид гашт, ба пайдо омадани номи нав ва истеъдоди фавқулодда дар адабиёт, бо ҷӯшу хурӯш шеъргӯии духтарчае, ки ҳамагӣ ҳашт сол дошт, диққати умум, аз ҷумла, эътибори  суханварони номии замонро дарҳол ба худ кашид.
Шоири рус Евгений Евтушенко Никаро ба шогирдӣ гирифт. Чунон ҳарду наздик шуданд, Ника бо даҳони пур «Женя амак» мегуфт Евтушенкоро. 
Евгений Евтушенко навишта буд: «Ника ба хобе, ки оламро ҳеҷ гоҳ тарк намекунад, монанд аст».
Аммо ба дигаргуниҳо дар феълу атвори шогирди худ муросо карда натавонист ва хешро канор гирифт. Шоирае, ки маҳбуби дилҳо буд, аз назарҳо афтид. 
Замонҳое ҷавонони бешумор аз пасаш кашол ва дар орзуи дидор буданд. Тамасхури тақдирро нигаред, ки маликаи шеър ва ҳусн, ки ҳанӯз хеле ва хеле ҷавон буд, як итолёвии пирро шавҳар ихтиёр кард. Муддате дар Швейсария бо ӯ зист. Баъд ба Русия чун «зани танҳо» баргашт. Дар 23-солагӣ бо Саша ном ҷавоне, ки дар Афғонистон хидмат карда буд, чаҳор сол ҳамроҳ зиндагӣ кард. Бахт надид. Аз ҳаёт билкул дилмонда ва чанд бор ба худкушӣ руҷӯъ намуд, ки нагузоштанд.  Аммо асное, ки дубора дар тирезаи ошёнаи панҷум пайдо шуд, бехабар монданд. Аз  баландӣ ба замин бархӯрдани Никаро танҳо духтарчае гувоҳ гашт, ки бозӣ карда менишаст. 1 майи соли 2001 рӯй дод ин фоҷиа…

М. ШОДИЕВ.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ