Тобишҳои ултрабунафши офтоб дар мубориза бо коронавирус мададгори Тоҷикистон шуд

Тобишҳои ултрабунафши офтоб дар мубориза бо коронавирус мададгори Тоҷикистон шуд

  • Post category:Ҷаҳон


Хуршед Зиёӣ, мудири маркази пажӯҳишгоҳ стратегики Тоҷикистон гуфт, ки кадом омилҳо боис шуданд, то пандемияи коронавируси нав дар ин кишвар “ба андозаи кишварҳои дигар фоҷеабор” набуд.
Ба гуфтаи Зиёӣ, мутахассисон дар пайи пажӯҳишҳо ба ин натиҷа расиданд, ки иқдому чораҳои саривақтии раёсати кишвар ва риояти худи мардум ба қоидаҳои эҳтиёткорӣ боиси фавти камтар дар миёни мубталоёни коронавирус шуд.
Ӯ афзуд, ки илова бар ин сабаби савум вуҷуд дорад – табиат.
Зиёӣ гуфт, “Тобишҳои ултрабунафши офтоби мо метавонад ҳамагуна вирусро нобуд кунад. Мардум бисёр мепурсанд, ки агар гап дар сари офтоб бошад, чаро дар Арабистони Саъудӣ натавонистанд вирусро несту нобуд кунанд? Ман дар ин кишвар 3 сол ҳамчун тарҷумон кор кардам ва метавонам бигӯям, ки осмони онҳо ҳамеша ғуборолуд аст, ки он аз паҳншавии тобишҳои ултрабунафш пешгирӣ мекунанд. Коронавирусро маҳз тобишҳои ултрабунафш аз байн мебарад, на гармӣ.
Ёдовар мешавем, бар асоси додаҳои расмии 23 июл, дар Тоҷикистон 7 060 мавриди гирифторӣ ба коронавирус сабт шудааст. 5 793 нафар шифо ёфта ва 58 нафар қурбони вирус шудаанд.
Манбаъ: Регнум

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ