Кормандони тиббии гирифтори пневмония дар Қазоқистон ҳар кадом $4,8 ҳазор дарёфт мекунанд

Кормандони тиббии гирифтори пневмония дар Қазоқистон ҳар кадом $4,8 ҳазор дарёфт мекунанд

  • Post category:Ҷамъият


Дар Қазоқистон ҳар як кормандии тиббие, гирифтори пневмония шуд, 2 миллион танга (баробар бо 4,8 ҳазор доллар) ҷубронпулӣ (компенсатсия) дарёфт мекунанд.
Вазоратҳои тандурустӣ ва кор ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Қазоқистон муштаракан ба ин қарор омаданд.
Қаблан танҳо кормандоне, ки гирифтори коронавирус мешуданд, чунин ҷубронпулӣ мегирифтанд. Акнун кормандони гирифтори пневмония, ки нишонаҳои монанди COVID-19-ро дорад, низ ҷубронпулӣ дарёфт мекунанд. Дар сурате, ки корманди тиббӣ бар асари беморӣ вафот мекунад, ба хонаводаи ӯ 10 миллион танга (24 ҳазор доллар) пардохт карда мешавад.
Гуфта мешавад, ки аз оғози январ то миёни моҳи июл дар Қазоқистон 234 ҳазор нафар мубталои пневмония шуданд, ки ин шумор дар муқоиса бо даври мушобеҳи соли гузашта 3,3 дарсад афзоишро нишон медиҳад.
Манбаъ: Регнум

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ