Оиди дар майдонҳои аз ғалла холигашта миқдори зироати киштшаванда ва ҳосили бадастмеомада маълумот дода шуд

Оиди дар майдонҳои аз ғалла холигашта миқдори зироати киштшаванда ва ҳосили бадастмеомада маълумот дода шуд

Дар соли ҷорӣ дар майдонҳои аз кишти барвақтӣ ва ғалла холигашта 858500 гектар (нисбати соли гузашта ба 38000 гектар зиёд) кишти такрорӣ муайян карда шудааст. Дар ин бора ҷонишини вазири хоҷагии қишлоқи мамлакат Баҳодур Холиқов дар брифинги рӯзи 24-уми июл гузарондашуда маълум кард. Бино ба гуфтаҳои Холиқов то ин вақт дар миқёси мамлакат дар 672000 гектар майдон, аз ҷумла, дар 68000 (59 фоиз) гектар сабзавот, 27500 гектар (65%) картошка, 22600 гектар (64%) полизӣ, 17000 гектар (84%) зироати равғандор, 260000 гектар (76%) зироати лӯбиёгӣ, 44000 гектар (76%) шолӣ, 182000 гектар (95%) зироати озуқа ва 51000 гектар (93%) зироати дигари хоҷагии қишлоқ корида шудааст. Таъкид гардид, ки дар кишти картошка ба сусткорӣ роҳ дода мешавад. «ба ҳолати 23-юми июл дар 27500 гектар картошка корида шуд. Дар ин бобат каме кор суст меравад» гуфт ҷонишини вазир. Дар поёни соли ҷорӣ 22,7 миллион тонна меваю сабзавот ҷамъоварӣ мешавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ