Песков: Русия бар зидди Чин ҳамдасти амрикоиҳо нахоҳад шуд


Дмитрий Песков, котиби матбуотии раисҷумҳури Русия рӯзи гузашта гуфт, ки кишвараш узви ягон иттиҳоди муқобили Чин нахоҳад шуд.
Ин суханони Песков посух ба гуфтаҳои Майк Помпео, котиби давлатии ИМА дар бораи эҳтимоли иттиҳод бо Русия бар зидди Чин буд.
Песков суханони Владимир Путин, раисҷумҳури Русияро ёдовар шуд, “Маскав алайҳи тарафе бо тарафи дигаре дӯст нахоҳад шуд”. Ӯ афзуд, ҳар гуна иттиҳоди ҳамгароёна, ё сиёсӣ ҳадафи рушди робитаҳои ҳамсоядӯстӣ ва манофеъи мутақобиларо дорад.
Ба гуфтаи Песков, Маскав бо Пекин робитаи махсуси шарикӣ дорад ва он дар ҳоли рушд аст.
Манбаъ: Регнум

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ