ДАР ПЕШНИҲОДИ КӮМАКИ ИҶТИМОӢ БА ШИНОСБОЗӢ, МУНОСИБАТҲОИ ХЕШУТАБОРӢ РОҲ ДОДА НАМЕШАВАД

ДАР ПЕШНИҲОДИ КӮМАКИ ИҶТИМОӢ БА ШИНОСБОЗӢ, МУНОСИБАТҲОИ ХЕШУТАБОРӢ РОҲ ДОДА НАМЕШАВАД

Дар мамлакати мо ҳолатҳои сирояти коронавирус рӯз аз рӯз хусусияти ҷиддӣ пайдо мекунад. Дар чунин як давраи мураккаби карантинӣ бо назардошти иқтидори иҷтимоию иқтисодии аҳолӣ дастгирии оилаҳои камбизоат оғоз ёфт.
Вазири дастгирии маҳалла ва оилаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Раҳмат МАМАТОВ дар ин бобат ба ӮзА инҳоро нақл кард:
— Имрӯз, ба мисли ҳамаи кишварҳо мардуми кишвари мо низ рӯзҳои вазнинро аз сар мегузаронад. Хусусан, аз рӯзи эълони карантин ба дастгирии оилаҳои ниёзманд диққати махсус дода шуд ва тартиби расонидани кӯмак ба бекорон, оилаҳои камбизоат, оилаҳои ба ҳифзи иҷтимоӣ муҳтоҷ ҷорӣ карда шуд.
Маълум аст, ки барои татбиқи мунтазами ин ташаббусҳо бо баёни дахлдори Комиссияи махсуси ҷумҳуриявӣ ба мақсади ба оилаҳои эҳтиёҷманд расондани маҳсулоти хайроти ташкилотҳои ҳомӣ ва шаҳрвандон дар назди Вазорати дастгирии маҳалла ва оила ва раёсатҳои ҳудудии вазорат марказҳои ҳамоҳангсозии хайрияи сарпарастӣ ташкил карда шуд.
Вақт нишон дод, ки таъсиси ин марказҳо самарабахш буд. Инчунин, суханони миннатдории ҳамватанони мо маънои онро доранд, ки кор дар ин самт дар асоси нақшаи пайдарпай ва дақиқ анҷом дода шудааст. Хусусан, бо мақсади аз тамоми минтақаҳои кишвар як хел бемамониат муроҷиат кардани шаҳрвандон дар тамоми филиалҳои минтақавии марказ рақами ягонаи кутоҳи 1197-и “Call-centre” ба кор дароварда шуд, ки самаранокии кори онро хеле баланд бардошт.
Марказҳои ҳамоҳангсозии фаъолияти ҳомигӣ аз 2 апрел то 20 майи соли 2020 фаъолият нишон доданд. Дар ин давра, дар асоси рӯйхати дар маҳаллаҳо таҳияшуда ва аризаҳое, ки тавассути рақами кӯтоҳи 1197-и “Call-сentre” ирсол шудаанд, ба 413 072 оилаи ниёзманд, ки дар 9 139 маҳалла зиндагӣ мекунанд, дар ҳаҷми 49 миллиарду 910 миллион сӯм хайроти сарпарастӣ расонда дода шуд.
Дар робита ба ин, мехоҳам нисбати фикрҳо оиди аз ҷониби Марказҳои ҳамоҳангсозии хайроти сарпарастӣ қабул кардани маблағҳои пулӣ ва пӯшида мондани маълумот оиди харҷи ин маблағҳо, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуданд, қайд намоям, ки ба марказҳо маблағҳои пулӣ қабул нашуданд.
Вазифаҳои асосии марказ аз қабул намудани хӯрокворӣ, лавозимоти тиббӣ ва дигар маҳсулоти зарурӣ, ки шахсони ҷисмонӣ ва ҳуқуқӣ дар асоси ҳомигӣ тақдим намуданд, инчунин бо риоя намудан ба қоидаҳои санитария ва гигиена ба оилаҳои ниёзманд расонда додани онҳо иборат мебошад.
Мувофиқи бандҳои дахлдори изҳороти № 14 Комиссияи махсуси ҷумҳуриявӣ муайян шуда буд, ки маблағҳои хайроти пулии ташкилотҳои сарпараст ва шахсони алоҳида ба фонди ҷамъиятии «Меҳр-шафқат ва саломатлик», ки дар назди Вазорати тандурустӣ таъсис дода шудааст, интиқол дода шаванд.
Ба муносибати аз 20 май қатъ ёфтани фаъолияти марказҳои ҳамоҳангсозии хайроти ҳомигӣ расонда додани маҳсулоти боқимондаи хайрия ба оилаҳои ниёзманд ба воситаи Ҳаракати умумхалқии «Саховат ва кӯмак», ки ҳамчун идомаи мантиқии ин марказҳо ташкил шудааст, ба роҳ монда шуд.
Маблағҳои хайроти пулии ташкилотҳои сарпараст ва шаҳрвандон бошад, тавассути Фонди «Саховат ва кӯмак», ки дар назди идораи ҷумҳуриявӣ ва филиалҳои минтақавии Бунёди ҷамъиятии хайроти «Маҳалла» -и Ӯзбекистон таъсис ёфтааст, мувофиқи тартиби муқарраршуда қабул ва харҷ карда мешавад.
Масъалаи дигари муҳиме, ки ҳамватанонамон, ҷомеаи васеъ бояд донанд, ин дар Оинномаи Фонди ҷамъиятии хайроти “Маҳалла”-и Ӯзбекистон, ки бо баёни рақами 4-ум аз 25 майи соли 2020 тасдиқ гардидааст, муайян шудааст, ки бинобар шакли ташкиливу ҳуқуқӣ Фонди ҷамъиятии хайроти “Маҳалла” созмони ғайридавлативу ғайритиҷоратӣ ба ҳисоб меравад. Яъне, Фонди ҷамъиятии хайроти “Маҳалла” сохтори мустақил буда,аз Вазорати дастгирии маҳалла ва оила алоҳида фаъолият нишон медиҳанд.
Ба ин муносибат, бояд қайд кард, ки Ҳаракати умумихалқии “Саховат ва кӯмак”-и Фонди ҷамъиятии хайроти «Маҳалла»-и Ӯзбекистон фаъолияташро аз Вазорати дастгирии маҳалла ва оилаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон алоҳида пеш мебарад ва ягона ташкилоте мебошад, ки барои харҷи дурусти маблағҳои хайрияи Хазина масъул аст.
Бемории коронавирус мисли аҳолии кишварҳои ҷаҳон ба саломатии аҳолии мамлакат низ хатари ҷиддӣ дорад.

Ҳоло фаъолияти марказҳои сарпарастӣ, хайрот ва ихтиёриён дар тамоми ҳудудҳои кишварамон аз нав ба роҳ монда мешавад. Ба ибораи дигар, маҳсулоти хайрияи созмонҳо ва шаҳрвандоне, ки хоҳиши сарпарастӣ доранд – хӯрокворӣ, доруворӣ ва ғайра тавассути гурӯҳҳои ихтиёриён ба оилаҳои камбизоат бо риоя намудан ба қоидаҳои беҳдошт ва гигиена тақсим карда мешаванд. То ба имрӯз рӯйхати 101 980 оилаи ниёзманд тартиб дода шудааст.
Иҷрои пурраи вазифаҳои мазкур ба зиммаи Вазорати дастгирии маҳалла ва оила, Агентии кор бо ҷавонон якҷоя бо тамоми ҳокимиятҳои маҳаллӣ гузошта шудааст. Инчунин, тамоми чорабиниҳо таҳти назорати пурраи муовинони раисони ҳокимон қарор доранд.
Ҳамзамон, аз сабаби ҷорӣ намудани маҳдудиятҳои карантинӣ тартиби махсуси дастгирии бекорон, шахсоне, ки манбаи доимии даромади худро аз даст додаанд ва ниёзмандон ҷорӣ карда мешавад.
Ин тартибу қоидаҳо зина ба зина амалӣ мегарданд. Дар марҳилаи аввал, вазоратамон рӯйхати мақсадноки бекорон, онҳое, ки манбаи доимии даромадро аз даст додаанд ва аҳолии эҳтиёҷмандро тартиб дод. Ба ин рӯйхат пирони яккаву танҳо, ки манбаи таъминот надоранд, оилаҳое, ки ногиро доранд, бепарастор, ба бемории шадид мубтало шудаанд, серфарзанд, нафақаи иҷтимоиашон эҳтиёҷашонро қонеъ намесозанд ва манбаи дигари даромад надоранд, ятимони ҳақиқӣ, оилаҳое, ки хешу таборашон бо тарбияи фарзандашон шуғл меварзанд, падар ё ки модар ё ин ки ҳарду ногиро мебошанд, модар ё падари танҳо, оилае, ки ду ё зиёда аз он фарзандони синни 14-сола ва аз он зиёдро тарбия менамоянд, занони бева (мардони муҷаррад), ки аз хешовандони дигар алоҳида зиндагӣ мекунанд, оилаҳое, ки падару модар ё ки якеашон бекор мебошанд ва дар маркази шуғл ба ҳайси корҷӯ ба қайд гирифта шудаанд, онҳое, ки аъзои қобили меҳнат доранд, вале дар ҳеҷ ҷо кор намекунанд ё муваққатан ба туфайли пандемия аз даромад маҳрум шудаанд, коргарони мавсимӣ, ҳунармандон, мардикорон, сартарошон, шаҳрвандоне, ки дар хориҷа аз кор маҳрум шуда, ҳоло бе даромад мондаанд, ба сифати эҳтиёҷмандони ба кӯмак муҳтоҷ ворид карда шуданд.
Баробари ин, бо назардошти вазъият дар самти расонидани кӯмаки иҷтимоӣ ба табақаи дигари аҳолӣ эътибор дода мешавад.
Тартиби марҳилаи дуввум ба фаъолияти Ҳаракати «Саховат ва кӯмак» марбут аст, ки ҳоло дар амал татбиқ мегардад. Ҳамзамон, мувофиқи қарорҳои шӯрои маҳаллии вакилони халқ барои оилаҳои ниёзманд аз хазинаи «Маҳалла» ва Ҳаракати «Саховат ва кӯмак» маблағҳои зарурӣ ҷудо карда мешаванд.
Дар марҳилаи сеюм кӯмаки молиявӣ дар шакли хӯрокворӣ ва доруворӣ дар асоси рӯйхати мақсаднок дар ҳамкорӣ бо ҳокимиятҳои маҳаллӣ, Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ва марказҳои сарпарастӣ, ҳамоҳангсозии хайрот ва ихтиёриён ташаккул дода мешаванд.
Дар ин аз ҷониби Вазорати дастгирии маҳалла ва оила рӯйхати ташаккулёфтаи аҳолӣ дар асоси меъёрҳои дар боло нишондодашуда ҳамчун асос қабул карда мешаванд.
Дар марҳилаи чорум ва муҳимтарин, кӯмаки моддӣ, ки якҷоя бо ҳокимиятҳои маҳаллӣ ва Агентии ҷавонон ҷамъ оварда шудаанд, дар асоси рӯйхати мақсаднок ба хонаводаҳо расонида мешаванд. Дар ин бобат, албатта, ҳамаи чораҳои зарурӣ андешида мешаванд. Ғайр аз он, қоидаҳои санитарӣ ва гигиенӣ пурра риоя мешаванд ва маҳсулот дезинфексия карда мешавад.
Инчунин, кормандон ва ихтиёриёне, ки дар интиқоли маҳсулоти хайрия иштирок мекунанд, бо таҷҳизоти муҳофизатӣ – корҷомаи тиббӣ, ниқобҳои тиббӣ ва дастпӯшҳо пурра таъмин карда шудаанд.
Дар ин маврид, мехостам боз як маълумоти дигарро пешниҳод намоям, ки барои тамоми шаҳрвандон шавқовар аст. Яъне, шаҳрвандоне, ки дар рӯйхати дар маҳаллҳо ташаккулёфта нестанд, аммо ба маҳсулоти озуқаворӣ ва дору ниёз доранд, метавонанд ба рақами кутоҳи 1197-и шабакаи телефонӣ занг зада, эҳтиёҷоти худро баён кунанд.
Ба муроҷиатҳои шаҳрвандони мо тавассути шабакаи мазкури телефонӣ эътибори алоҳида дода мешавад ва онҳо бо маҳсулоти зарурии кӯмаки иҷтимоӣ таъмин карда мешаванд. Шаҳрвандони мо, инчунин, метавонанд ба Вазорати дастгирии маҳалла ва оила бо рақами 71-201-55-21 занг зада, муроҷиатҳояшонро гузоранд.

Илова бар ин, бо мақсади таъмини иҷрои вазифаҳое, ки дар қарорҳои Комиссияи махсуси ҷумҳуриявӣ аз 7 июл ва 10 июли соли 2020 муайян шудаанд, Вазорати маҳалла ва дастгирии оила нақшаи зарурии чорабиниро таҳия намуда, барои иҷрои ҳамаи шуъбаҳои минтақавӣ пешниҳод кард.
Бо мақсади ба таври муназзам ташкил кардани кӯмаки иҷтимоии зарурӣ ба эҳтиёҷмандон дар тамоми шӯъбаҳои минтақавии вазорат ситодҳои махсуси корӣ таъсис дода шуданд. Инчунин барои ба аҳолӣ расондани мазмуну мундариҷаи маҳдудиятҳои иловагии карантиние, ки аз 13 июл то 1 августи соли 2020 ҷорӣ карда шудааст, тадбирҳо андешида мешаванд.
Мо хуб медонем, ки бо назардошти шароити обу ҳавои тобистони имсола аз ӯҳдаи ба қоидаҳои карантинӣ риоя карда, дар хона нишастан аз дасти на ҳар кас меояд. Аммо мардуми мо сабр мекунанд. Вазъият то андозае сабуктар мешавад, ки ҳамватанони мо, ки дар хонаҳои баландошёна зиндагӣ мекунанд, дар рӯзҳои гарми тобистон босаброна вазъро дарк мекунанд.
Дар фарҷом мехостам таъкид намоям, ки дар раванди расонидани кӯмаки иҷтимоӣ ба оилаҳои ниёзманд ба шиносбозӣ ва муносибати хешутаборӣ роҳ дода намешавад ва дар ин бора ба ҳама масъулини системаи маҳалла ҳушдор дода шудааст. Аз ин рӯ, аз ҳамватанон хоҳиш мекунам, ки дар ин маврид ба шубҳае ҷой нахоҳад монд.

Суҳбатнигор
Назокат УСМОНОВА,
мухбири ӮзА.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ