Пешбинӣ: Индонезия метавонад ба зудӣ панҷумин кишвари иқтисодии ҷаҳон гардад


Бар асоси пешбиниҳои Бонки ҷаҳонӣ ва Сандуқи байналмилалии пул Индонезия метавонад дар соли 2024 панҷумин кишвари иқтисодии ҷаҳон гардад. Дар ин бора Medcom хабар дод.
Коршиносон бар ин назаранд, Индонезия дар заминаи иқтисод тӯли чанд соли оянда Олмон ва Русияро дар ақиб хоҳад гузошт.
Ба гуфтаи мутахассис Ҷосуа Пардеде, Индонезия ҳанӯз ҳам баъди Чин, ИМА, Ҳиндустон, Япония, Олмон ва Русия ҳафтумин кишвари муқтадири иқтисодӣ аст.
Дар ҳоли ҳозир ҳаҷми маҳсулоти нохолиси дохилии Индонезия 4,17 триллион доллари ИМА мебошад.
Пардеде мегӯяд, ки Индонезия барои панҷумин кишвари иқтисодии ҷаҳон шудан бояд суръати рушди иқтисодашро нисбат ба Русия ва Олмон болотар барад ва дар ҳамин даври буҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ низ ин имконпазир аст.
Ёдовар мешавем, ки Ретно Марсуди, вазири корҳои хориҷии Индонезия чанде пеш эълом кард, ки дар оғози 2021 кишвараш тавлиди ваксинаи зидди коронавирусро оғоз хоҳад кард.
Манбаъ: Регнум

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ